Ишғолгарии Исроил миллиардҳо доллар ба фаластиниҳо зарар расондааст

 Ишғолгарии Исроил миллиардҳо доллар ба фаластиниҳо зарар расондааст

СММ дар гузорише эълон кард, ки сиёсатҳои ишғолгарии Исроил дар Каронаи Бохтарӣ тайи ду даҳаи гузашта беш аз 57 миллиард доллар ба миллати Фаластин зарари иқтисодӣ расондааст.

Созмони Милали Муттаҳид дар гузорише эълон кард, ки сиёсати ҳисорсозӣ, маҳдуд кардан ва амалётҳои низомии Исроил дар минтақаҳои ишғолии Каронаи Бохтарӣ аз соли 2000 то кунун 57.7 миллиард долар ба фаластиниҳо зарари молӣ ва иқтисодӣ ворид кардааст.

Ин гузориш тавассути Конфронси Тиҷорат ва тавсеаи СММ (UNCTAD) ба баррасии сиёсатҳои Исроил пас аз интифозаи дуюми фаластиниҳо дар сентябри 2000 пардохтааст. (Интифоза=ҷунбиши мардумии миллати Фаластин барои муқовимат дар баробари зулму ишғолгарии яҳудиёни Исроил).

Мудири бахши тавсеаи СММ, Ричорд Райт мегӯяд, ҳудуди як сеюми тавлиди нохолиси дохилии Фаластин дар натиҷаи ишғолгарии Исроил аз байн рафтааст.

Дар идомаи ин гузориш омадааст, ҳазинаи иқтисодии ишғол барои мардуми Фаластин, фақр дар Каронаи Бохтарӣ байни солҳои 2000 то 2019-ро 3.5 баробари тавлиди нохолиси дохилии минтақаҳои Каронаи бохтарӣ дар соли 2019 нишон медиҳад.

Ин баёнгари он аст, ки ҳазинаи рафъи фақр дар Каронаи Бохтарӣ байни солҳои 1998 ва 2007 шаш баробарбештар шуда ва аз 73 миллион доллар ба 428 миллион доллар афзоиш ёфтааст.

Ин гузориш ҳамчунин бар коҳиши озоди сатҳи зиндагӣ дар Каронаи Бохтарӣ тайи ин муддат таъкид карда ва мегуяд, ки фақирон бештарин осебро дидаанд.

Густариши шаҳракҳои яҳудинишин ва тахриби хонаҳо, заминҳои кишоварзии мутааллиқ ба фаластиниҳо бо истифода аз зур дар солҳои гузашта боиси ташдиди танишҳо ва афзоиши оворагӣ ва бекорӣ дар Каронаи Бохтарӣ шудааст.

Садҳо ҳазор исроилӣ дар шаҳракҳои яҳудинишин, ки режими саҳюнистӣ пас аз ҷанги соли 1967 ва ишғоли заминҳои Фаластин дар Каронаи Бохтарӣ ва шарқи Байтулмуқаддас бунёд кардааст, ба сар мебаранд.

Созмони Милали Муттаҳид ва аксари кишварҳои дигари ҷаҳон шаҳракҳои режими саҳюнистиро ғайриқонунӣ медонанд, зеро ин режим дар ҷанги соли 1967 ин сарзаминҳоро ишғол карда буд ва бар асоси тавофуқномаи Женева, ҳар гуна сохтани сохтмон аз ҷониби ишғолгар дар сарзаминҳои ишғолшуда мамнӯъ аст.