Камбуди ҷаҳонии ғизо ва паёмадҳои он

 Камбуди ҷаҳонии ғизо ва паёмадҳои он

Бо идомаи ҷанги Русия ва Украина, бӯҳрони ғизо дар ҷаҳон ба вазъияти нигарон кунандае расидааст.

Сафири Амрико дар Созмони Миллали Муттаҳид гуфт: Дар миқёси як то 10, ҳушдори камбуди ҷаҳонии ғизо эҳтимолан ба сатҳи 10 расидааст зеро бӯҳрони ҷанг он чиро ки то имрӯз ноамнии ҷиддии ғизои буд, ташдид кардааст.

Мавзӯъи таъмини ғизо ба вижа тайи даҳҳаи ахир ва бо авомили монанди тағироти обу ҳавоӣ, зиёд шудани Ковиди-19 ва даргириҳои жеуполетик, як дағдағаи ҷиддии ҷаҳонӣ буд аммо акнун ҷанги Украина, вазъиятро вахимтар кардааст.

Дар ин замина пойгоҳи интернетии шабакаи телевизионии Си Ен Ен гузориш дод: 811 миллион нафар шабҳо гурусна ба рахти хоб мераванд ва 44 миллион нафар дар 38 кишвар бо гуруснагии шадиде мувоҷеҳ ҳастанд.

Ин дар ҳоле аст, ки барномаи ҷаҳонии ғизо тахмин задааст, ки бо таваҷӯҳ ба муддат замони ҷанги Украина, қимати байналмиллалии гандум ва ҷувримака байни 18 то 30 дарсад афзоиш меёбад. Ин шароит сабаби камбуди ғизо ва афзоиши қимати маводи ғизоӣ дар сатҳи ҷаҳон ба вижа кишварҳои заъиф дар қораи Африка шудааст. Мутобиқи оморҳо ҳудуди 346 миллион нафар дар Африка бо ноамнии ғизоии шаддид мувоҷеҳ ҳастанд.

Русия ва Украина ба тартиб бузургтарин ва панҷумин содирот кунандагони гандум дар ҷаҳон ҳастанд. Ҷанги Украина ҳамлу нақл аз дарёи Сиёҳро бо мушкил мувоҷеҳ кардааст, бисёре аз заминҳои кишоварзи ба далели ноамнӣ ва муҳоҷират зер кишт нарафтааст ва бо таътилии бандарҳо ҳатто имкони ирсоли маҳсулоти ба амал омада низ вуҷӯд надорад.

Дар ин шароит, мақомоти Амрико дар талош ҳастанд то Русияро омили чунин камбудҳое дар ҷаҳон муаррифӣ кунанд. Дар ҳорле, ки мудохилоти Амрико, танишҳои сиёсии Амрико бо Русия ҷанги миёни Русия ва Украинаро шуълавар кардааст. Мақомоти амрикоӣ ҳамчунин бо эъмоли таҳримҳои сангин алайҳи Русия ва таҳрики кишварҳои аврупоӣ, талош кардаанд Русияро дар инзиво қарор дода ва дар воқеъ манофеъ ва сиёсатҳои худро алайҳи Русия амалӣ кунанд.

Анаталиӣ Антонов сафири Русия дар Амрико дар ин замина гуфт: Бӯҳрони ғизоӣ пас аз мавҷи таҳримҳои якҷониба ва ғайри қонунии зиддӣ Русия ки эътибори давлатҳои ғарбиро ба далели ғайри қобили пешбинӣ будани иқдомоташон тазъиф карда ҳамчунин занҷираҳои таъминро шикаст ва ҷараёнҳои моллии байналмиллалиро қатъ кард, ташдид шуд.

Ҳайъати байналмиллалии коршиносон дар бораи ғизоӣ пойдор дар ин замина ҳушдор дод: Ҷанг дар Украина ба тӯфони комил барои як бӯҳрони ғизоии ҷаддид ва ҷиддӣ доман мезанад, бӯҳроне, ки мешуд аз он иҷтиноб кард.

Бо ин ҳол мақомоти амрикоӣ ва аврупоӣ, ки худ низ акнӯн даргири гаронии сӯхт ва маводи ғизоӣ ва камбуди он ҳастанд талош мекунанд то Русияро муқасири ин шароит эълон кунанд.

Антонов сафири Русия дар Амрико бо фарибкорона хонданӣ изҳороти кишварҳои ғарбӣ мабни бар ин,ки мамнуъияти онҳо шомили арзи маводи ғизоӣ ва камбуд намешавад, гуфт: Таҳримҳо дар ҳавзаҳои моллӣ ва ҳамлу нақл ба таври мустақим бар вазъияти бозорҳои ҷаҳонии маводи ғизоӣ таъсир мегузорад.

Ба ҳар ҳол, занги хатар дар ҷаҳон ба садо даромадааст ва ба назар мерасад идомаи ин раванд, бӯҳрони ғизоӣ дар ҷаҳонро шиддат мебахшад, ки натиҷаи он қурбонӣ шудани ҳазорон нафар бар асари гуруснагӣ хоҳад буд.