Коршиносон коҳиши нерӯи корӣ дар Русияро арзёбӣ карданд

 Коршиносон коҳиши нерӯи корӣ дар Русияро арзёбӣ карданд

То охири ин даҳсола шумори шаҳрвандони қобили меҳнати Русия коҳиш ёфта, ҷавонони муҳоҷири имрӯза ба гурӯҳҳои синну соли калонтар дохил мешаванд

Русия то охири соли 2030 аз 1,9 миллион нафари қобили кор маҳрум хоҳад шуд. Чунин манзараро, коршиносони Мактаби тадқиқотии Мактаби олии иқтисодии Русия пешгӯӣ кардаанд.
Давоми 10 сол, таркиби синну соли боқимондаи қувваи корӣ тағйир меёбад: ҳиссаи одамони то 40-сола аз 42% (2019) то 37,45 (2030) коҳиш меёбад.
То ин замон пиршавии аҳолии қобили меҳнати Русия аз сабаби ворид шудани намояндагони насли хурди солҳои 1990-2000 ба бозори меҳнат дар назар аст.
Аммо дар баъзе минтақаҳо ин раванд бинобар вуруди зиёди муҳоҷирон суст мешавад.

Ҳамин тавр, кам шудани теъдоди аҳолии қобили меҳнат бештар дар ду шаҳру вилояти бузург: Маскав, Санкт-Петербург, вилоятҳои Москва ва Ленинград, пешбинй шудааст.
Азбаски дар ин минтақаҳо дар солҳои охир шумораи аҳолӣ аз ҳисоби муҳоҷирони ҷавонон фаъолона зиёд шуда истодааст, вале дар даҳсолаи имрӯза онҳо ба гурӯҳҳои синну соли калонтар мегузаранд.

Мудири Пажӯҳишгоҳи демографӣ Михаил Денисенко гуфт, барои ҷилавгирӣ аз зарба ба иқтисод, бояд сармояи инсониро тавассути рушди соҳаи тандурустӣ ва маориф сармоягузорӣ кард, мизони таваллуд ва муҳоҷирати ҷавононро ҳавасманд кард.