Кумаки молии Русия ба Тоҷикистон барои сохти дидбонгоҳи марзӣ

 Кумаки молии Русия ба Тоҷикистон барои сохти дидбонгоҳи марзӣ

Порлумони Тоҷикистон кумаки Русия барои таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро пазируфт.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созишномаиеро бо Русия ба имзо расондааст, ки бар асоси он Маскав барои эҷоди дидбонгоҳи марзӣ бо Афғонистон маблағи 1.1 миллион доллар ҷудо мекунад.

Ба гуфтаи Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, «Маблағи кумаки бебозгашти молиявӣ 1,1 млн доллари амрикоиро ташкил дода, он барои сохтмони дидбонгоҳи сарҳадӣ дар марзи давлатии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон пешбинӣ гардидааст.»

Ба гуфтаи Қаҳҳорзода, бар асоси моддаи 1-и созишномаи мазкур муҳлати интиқоли маблағ то 31 декабри соли 2021 муқаррар шудааст, ки ин талабот аз сӯи Русия пурра таъмин гардид.

Зикр гардид, ки созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва Руси барои сохт­мони дидбонгоҳи сарҳадӣ моҳи ноябри 2021 имзо гардида, охири апрели соли равон, аз сӯи ҳукумати ҶТ барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагон ирсол шуд.

Вазири молия изҳор дошт, ки бо ҷонибдории парлумон расмиёти дохилидавлатӣ анҷом ёфтанд.

Гулбаҳор Назирӣ, вакили парлумони Тоҷикиистон, дар шарҳи зарурати созишнома таъкид намудаст, ки вазъи ҷаҳон ва минтақа водор месозад, ки ба масъалаи таъминоти қувваҳои мусаллаҳи кишвар таваҷҷуҳи бештар дода шавад. Вай махсусан мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии сохторҳои қуд­ратии ҷумҳуриро муҳим хондаст.

Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон бо Афғонистон ҳудуди 1400 километр марзи муштарак дорад, ки қисми зиёди он аз минтақаҳои дорои шароити ҷуғрофии мураккаб мегузарад.

Дар ин авохир ноамниҳое дар мантақаҳои марзии Афғонистон бо Тоҷикистон ба вуҷуд омаданд, ки аз тарафи расонаҳо ва коршиносон шарҳу тафсили мухталиф доштаанд.

Дар ин зимн Гулбудини Ҳикматиёр, роҳбари ҳизби исломии Афғонистон таҳдид ба ниқоргирӣ аз Тоҷикистон ба далели гӯё пойгоҳ додани кишвар ба Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон карда буд, ки вокунишҳои мухталифро дар пай дошт.