Кумаки Қатар ба Кумитаи милллии олимпии Тоҷикистон

 Кумаки Қатар ба Кумитаи милллии олимпии Тоҷикистон

Сафири Қатар дар Душанбе дар дидори худ бо муовини Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон изҳор дошт, ки ин кишвар тасмим дорад дар Душанбе як иншооти варзишӣ бунёд кунад.

Бар асоси гузориши дафтари матбуоти Кумитаи олимпии Тоҷикистон, Иброҳим бин Муҳаммад Абдуллоҳ, сафири Қатар дар Душанбе дар дидори худ бо Аҳтам Абдуллозода, муовини кумитаи мазкур эълон кард, ки кишвараш ният дорад як маркази варзишӣ дар шаҳри Душанбе бунёд кунад.

Сафири Қатар дар суханоне тайи ин дидор ҳамкории ду тараф дар заминаи варзишро мусбат арзёбӣ кард.

Таъкид шудааст, ки дар ин дидор мавзуоте, аз ҷумла сохтмони як маркази варзишӣ дар Душанбе ва баргузории тамриноти муштараки тимҳои миллии ду кишвар дар Қатар ва Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Тарафайн дар бахше аз ин мулоқот ба сохти пойгоҳи варзишӣ барои омӯзиши варзишкорон дар қаламрави Тоҷикистон ишора карданд.