Кумаки 25 миллиондолларии Канада барои бозсозии Ғазза

 Кумаки 25 миллиондолларии Канада барои бозсозии Ғазза

Сарвазири Канада эълом дошт, ки ин кишвар барои барқарор кардани бозсозрии мақонҳои вайроншудаи Ғазза дар ҷанги 12-рӯза, 25 миллион доллар кӯмак хоҳад кард.
Ҷастин Трюдо, сарвазири Канада дар як изҳороти матбуотӣ гуфт, ки кишвараш ба ғайринизомиёни фаластиние, ки аз муноқишаи ахири Исроилу Фаластин дар навори Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ зарар дидаанд, 25 миллион доллар кумак хоҳад кард.
Вай афзуд, ки маблағгузорӣ мустақиман ба ташкилотҳои ботаҷриба ва тахассусӣ дода мешавад, ки ба осебпазиртарин шаҳрвандони Фаластин дар мубориза бо оқибатҳои муноқишаи ахир кӯмак мерасонанд. Афзоиши хушунатҳои ахир дар минтақа нигаронкунанда аст ва ҳама манзараҳои оворагии мардуми осоишта ва ғайринизомиён ва куштори аъзоёни оилаҳоро диданд.
Кумакҳои Канада иборат аз 10 миллион доллар барои ғизо, манзил, об, масъалаҳои саломатӣ ва беҳдоштӣ, дастгирии равонӣ ва иҷтимоӣ барои кӯдакон ва 10 миллион доллар барои дастгирӣ ва ҳимояти талошҳои башардӯстона ва барқарор кардани зерсохтҳои тиббӣ ва ҳаётӣ муҳим мебошанд.
Канада инчунин ба лоиҳаҳои таҳкими сулҳ тақрибан 5 миллион доллар ҷудо кардааст, ки сулҳи ҳамаҷониба, одилона ва пойдорро байни фаластиниҳо ва исроилиҳо тақвият хоҳанд дод.
Канада ҳафтаи гузашта аз оташбас байни режими саҳюнистӣ ва Ҳаракати муқовимати исломӣ (Ҳамос) истиқбол кард.