Куштори ҳаддиақал 200 нафар дар ҳамлаи терруристҳо дар Нигерия

 Куштори ҳаддиақал 200 нафар дар ҳамлаи терруристҳо дар Нигерия

Ба гуфта шоҳидон ва сокинони як вилоят дар Нигерия, терруристҳо ва афродии мусаллаҳ барои гирифтани интиқоми ҳамалоти ҳавоии артиши ин кишвар ба махфигоҳҳои худ бо ҳамла ба ҳашт деҳа, ҳаддиақал 200 нафарро ба қатл расонданд.

Аҳолии вилояти Замфара дар Нигерия мегӯянд дар ҷараёни ҳамалоти интиқомҷӯёна ва маргбори роҳзнонони мусаллаҳ ба деҳаҳои ин вилоят, ҳаддиақал 200 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Ин афрод шомгоҳи шанбе ба хабаргузории Ройтерз гуфтанд, ки пас аз тасаллути муҷаддади артиши Нигерия бар ин деҳаҳо барои созмондиҳии дафни дастаи ҷамъии афроди кушта шуда, тавонистаанд дубора ба маҳалли зиндагии худ бозгарданд.

Бо инки масъулони вилояти Замфара иддао мекунанд, ки дар ҷараёни ин ҳамалоти 58 нафар кушта шудаанд, аммо сокинони ин манотиқ теъдоди қурбониёнро ҳатто беш аз 200 нафар тахмин мезананд.

Бар асоси ин гузориш, Оморо Макрӣ, шахсе ки ҳамсар ва се фарзанди худро дар ҷараёни ин ҳамла аз даст дод, ба хабарнигори Ройтерз гуфт, ки ҳудуди 154 нафарро худаш дидааст, ки дафн шудаанд.

Рӯзи ҷумъа беш аз 300 роҳзану терруристи мусаллаҳ савор бар моторсиклет, барои гирифтани интиқоми ҳамалоти ҳавоии артиш ба махфигоҳҳои худ, ба ҳашт деҳа дар вилояти Замфара ҳҳамла карда ва ба куштори мардум оғоз карданд.

Артиши Нигерия пештар эълон кард, ки дар ҳамалоти ҳавоӣ ба аҳдофе дар ҷангалҳо ва деҳаҳои вилояти Замфара, беш аз 100 роҳзан аз ҷумла ду нафар аз раҳбарони онҳоро куштаанд.