Лавров ғарбро ба дуздии дороиҳои Русия муттаҳам кард

 Лавров ғарбро ба дуздии дороиҳои Русия муттаҳам кард

Вазири умури хориҷаи Русия иддаои раиси дипломасии аврупоӣ дар бораи сарфи дороиҳои масдуд шудаи Русия барои бозсозии Украинаро “дуздӣ” хонд.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия дар бора иддаои Ҷозеф Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо барои интиқоли дороиҳои масдуд шудаи Русия ба Украина гуфт: “ин дуздие аст, ки онҳо ҳатто талош намекунанд онро пинҳон кунанд.”

Вай таъкид кард, ки барои ғарб чунин иқдомоте дар ҳоли ҳозир ба як одат табдил шудааст.

Лавров ба унвони намуна ба вазъияти масдуд шудани дороиҳои Афғонистон ишора кард, ки кишварҳои ғарбӣ мехоҳанд аз он на барои ниёзи мардуми Афғонистон балки барои аҳдофе, ки марбут ба бозсозӣ нест истифода кунанд.

Александр Грушко, муовини Лавров ҳам ба навбаи худ пешниҳоди Боррелро “ғайриқонунӣ” хонд. Ба гуфтаи вай чунин иқдоме кулли системаи молии ҷаҳониро таҳти таъсир қарор медиҳад ва барои худи аврупоиҳо паёмадҳои бад дорад.

Дар поёни моҳи апрел Ҷо Байден, раисҷумҳури Иёлоти Иуттаҳидаи Амрико эълон кард, ки ташаббусеро ба Конгресс ирсол кардааст то амволи тоҷирони русиро барои кумак ба Киев мусодира кунад. Ба гуфтаи Леонид Слутский, муовини думои давлатӣ “Вашингтон сирқатҳои давлатиро қонунӣ мекунад ва натанҳо ҳаққи моликияти хусусӣ, балки қонуни асосии худро ҳам нақз мекунад”.