Мадуро: Қудс роҳи ваҳдати мусалмонон ва Масеҳиён аст

 Мадуро: Қудс роҳи ваҳдати мусалмонон ва Масеҳиён аст

Раисҷумҳури Венесуэла дар суханоне дар вокуниш ба таҳаввулоти ахири Фаластин, Кудси ишғолиро роҳи ваҳдат миёни мусалмонон ва Масеҳиён хонд.

Николас Мадуро, раисҷумҳури Венесуэла дар суханоне нисбат ба таҳаввулоти ахир дар Қудси ишғолӣ ва беҳурматии режими саҳюнистии Исроил ба намозгузорони фаластинӣ дар Масҷидулақсо вокуниш нишон дод.

Мадуро дар ин бора изҳор кард: «Қудс сарзамини муқаддаси тамомии адён ва ҳамчунин сарзамини муқаддаси Фаластин аст.»

Вай гуфт: “мо масеҳӣ ҳастем, аммо ҳазрати Исо (а) фаластинӣ буд дар Фаластин таваллуд ёфт ва дар ҳамонҷо ҳам аз дунё рафт ва шумо мусалмонон низ эшонро Паёмбарӣ бузург медонед.”

Мадуро илова кард: “Қудс моро муттаҳид мекунад ва роҳи ваҳдат миёни мусалмонон ва Масеҳиён аст.”

Вай афзуд: “ба ҳамин далел имрӯз ҳимояту ҳамбастагии худро бо миллати Фаластин ва ҳамаи кишварҳои мусалмоне, ки аз он дифоъ мекунанд ва ҳамчунин тамомии кишварҳое, ки барои озодии худ меҷанганд эълон мекунем.