Мардуми Сурия, Ироқ ва Афғонистон ҳамеша қурбонии ҷиноятҳои Амрико мешаванд

 Мардуми Сурия, Ироқ ва Афғонистон ҳамеша қурбонии ҷиноятҳои Амрико мешаванд

Мақоми порлумонии Русия дар вокуниш ба ифшои кушта шудани 70 нафар аз сокинини шаҳре дар Сурия дар ҷараёни бомбаборони неруи ҳавоии Амрико гуфт: ин нахустин ҳодиса нест ва мардуми оддӣ ҳамеша “хисоратҳои ғайримуҳим» дар ҳамла ва ҷиноятҳои Амрико ба Сурия, Ироқ ва Афғонистон маҳсуб мешаванд.

Леонид Слутескӣ, раиси Кумитаи умури байналмилали Думаи давлатии Русия муътақид аст, ки мақомоти низомии амрикоӣ борҳо иҷозаи куштани мардуми бедифои ғайринизомиро дар ҳамалоти ҳавоии онҳо на фақат дар хоки Сурия, балки дар Ироқ ва Афғонистон содир кардаанд ва акнун ҳам вокуниши онҳо ба ифшои яке аз ҷиноятҳои Амрико, бархурди комилан кинатузонааст.

Рӯзи шанбе рӯзномаи Нию-Йорк таймз, ифшо кард, ки низомиёни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар бораи ҳамалоти ҳавоӣ дар Сурия, ки дар соли 2019 мардуми оддӣ ва ғайринизомии як минтақаи маскунӣ дар ин кишварро ҳадаф қарор дода онҳоро куштанд, сукут карданд. Тибқи иттилооти ин рӯзнома, дар таърихи 18 марти соли 2019 як ҷангандаи F15-и амрикоӣ бидуни ихтор бомби 500 поундиро бар сари сокинини шаҳри Боғӯзи Сурия, ки ҳудуди 70 зану кӯдак ҳам дар онҷо буданд, андохтааст.

Ин рӯзнома ёдовар шудааст, неруи ҳавоии Амрико дар соли 2019 дар ҷараёни ҳудуди ҳазор ҳамлаи худ ба манотиқи мухталифи Сурия ва Ироқ, аз 4 ҳазору 729 бомбу мушак истифода кардааст, ки бар асоси эълони расмӣ, дар тамоми ин сол танҳо 22 нафар аз мардуми ғайринизомӣ кушта шуданд ва дар ин гузоришот ҳеҷ суҳбате аз ҳамлаи маргбори 18 марти соли 2019 нашудааст.

Раиси Кумитаи умури байналмилалии Думаи Русия дар вокуниш ба ин хабари ҷиноятҳои Амрико навишт: акнун вокуниши мақомоти низомии амрикоӣ ба ин ифшогарӣ чист? Маҳор нашудани Амрико ба болотарин сатҳи мумкин расидааст! тибқи арзёбии онҳо, ҳудуди 20 неруи террорист дар ин шаҳр ҳузур доштанд ва ба ҳамин баҳона дар ҷараёни бомбаборони онҷо, илова бар ин афрод, 50 нафар аз сокинини оддӣ низ кушта шуданд ва ин масаъла аслан барои Пентагон аҳамияте надорад.

Сенатори рус илова кард: албатта ин нахустин намуна аз чунин ҳаводиси ғайриинсонӣ набуд. Мардуми бедифоъ ва ғайринизомӣ ҳамеша ба унвони «пули беарзиш» ва «хисоратҳои ғайримуҳим» дар тули амалиёти низомии амрикоиҳо, на фақат дар Сурия, балки дар Ироқ ва Афғонистон низ қурбонии ҳамалот онҳо шудаанд.