Ҳамлаи ваҳшиёнаи низомиёни яҳудӣ ба Масҷидулақсо+акс

 Ҳамлаи ваҳшиёнаи низомиёни яҳудӣ ба Масҷидулақсо+акс

Манобеи фаластинӣ аз ҳамлаи низомиёни Исроил ба Масҷидулақсо ва захмӣ шудани даҳҳо намозгузори фаластинӣ дар пайи ин ҳамла хабар доданд.

Дар пайи ҳамлаи ваҳшиёнаи низомиёни яҳудии Исроил ба Масҷидулақсо беш аз 117 нафар мусалмони намозгузори фаластинӣ захмӣ шудаанд.

Расонаҳои фаластинӣ гузориш карданд, ки дар пайи ҳамҳаи ваҳшиёнаи ишғолгарони исроилӣ ба Масҷидулақсо беш аз 117 нафар захмӣ шудаанд, ки ҳоли 16 нафари онҳо вахим аст ва 8 нафарашон ҳам дар бахши муроқибатҳои вижа қарор доранд.

Ҳамчунин то ҳол беш аз 80 намозгузор ҳам боздошт шудаанд.

Бар асоси гузоришҳо низомиёни яҳудӣ бо ҳамла ба Ҳилоли Аҳмари Фаластин монеи дармони захмиҳо ва маҷруҳон мешаванд.

Намозгузори фаластинӣ бо санг аз масҷидул-ақсо дифоъ карда ва ба муқобила бо низомиёни исроилӣ пардохтанд ва шиор медоданд: «бо ҷону хуни худ фидоят мешавем эй Масҷидулақсо.»

Дар пайи ин ҳамлаи низомиёни Исроил, хатиби Масҷидулақсо ҳам фатвои худ барои муқобила бо онҳоро такрор кард.

Шайҳ Акрама Сабрӣ, хатиби Масҷидулақсо гуфт, ҳадафи яҳудиҳо холӣ кардани Масҷидулақсо аз намозгузорн аст.

Гуфта мешавад дар пайи ин фатвои хатиби Масҷидулақсо гуруҳ гуруҳ ҷавонони фаластинӣ ба суи Қудс ҳаракат кардаанд, то аз Масҷидулақсо дифоъ кунанд.