Моссад дар Арбил ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор гирифт

 Моссад дар Арбил ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор гирифт

Бар асоси гузориши расонаҳои ироқӣ, 2 пойгоҳи Созмони иттилоот ва амалиёти вижа (Моссад)-и режими саҳюнистӣ дар Арбил ҳадафи мӯшак қарор гирифтааст.

Бар асоси гузориши расонаҳои ироқӣ, 2 пойгоҳи Созмони иттилоот ва амалиёти вижа (Моссад)-и режими саҳюнистӣ дар Арбил ҳадафи мушак қарор гирифтааст.

Ба нақл аз РИА Новости, расонаҳои ироқӣ ба нақл аз манобеи амниятӣ афзуданд ин пойгоҳҳо маркази пешрафтаи омӯзишӣ буда ва ҳадафи ҳамлаи мушакҳои баласстикӣ қарор гирифтааст.

Расонаҳо ба ҷузиёти бештари ин ҳамла ва мизони хисоратҳои эҳтимолӣ ишора накарданд.

Ҳануз манобеи расмии Ироқ ва мақомоти режими саҳюнистии ин хабарро таъйид ё такзиб накарданд ва созмони ҷосусии Моссад ҳам вокунише нишон надодааст.

Собирин ниюс вобаста ба неруҳои муқовимати Ироқ пештар эълом карданд, ки шанбешаб даҳҳо инфиҷор шаҳри Арбилро ларзондааст.

Гуфта мешавад 14 ракет ба пойгоҳҳои Амрико, воқеъ дар наздикии фурудгоҳи Арбил бархурд кард.

Бар асоси ин гузориш ожири хатари консулгарии Амрико дар Арбили Курдистони Ироқ низ ба садо даромадааст ва тамоми пойгоҳҳои низомиёни Иёлоти Муттаҳида дар Ироқ ба ҳолати омодабоши комил даромадаанд.

Бисёре аз мардуму гуруҳҳои ироқӣ хоҳони хурӯҷи неруҳои террористии Амрико ва созмонҳои вобаста ба ИМА аз ҷумла созмони террористӣ ва ҷосусии Моссад аз Ироқ ҳастанд ва порлумони ин кишвар низ тарҳе дар бораи хурӯҷи ин неруҳо тасвиб кардааст.

Созмони иттилоот ва амалиёти вижаи Моссад, як созмони иттилоотии хориҷии Исроил аст, ки фаъолиятҳои махфӣ дорад ва ҳадафи он дифоъ аз ҳимоят аз зиёдаравӣ, таҷовузгарӣ ва қатлу куштори бераҳмонаи режими саҳюнистӣ мебошад. Дафтари аслии ин созмон дар Телавив қарор дорад ва беш аз 7000 корманди дафтарӣ ва идорӣ ҳам дар худ дорад.