Мубодилаи паёми шодбош байни Ҷабборов ва Раисӣ

 Мубодилаи паёми шодбош байни Ҷабборов ва Раисӣ

Раиси ҷумҳури Қирғизистон ба ҳамтои худ дар Эрон, сиюмин соли барқарории равобити дипломатик миёни ду кишварро табрик гуфт.

С. Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон ба И. Раисӣ, ҳамтои худ дар Эрон, сиюмин соли барқарории равобити дипломатик миёни ду кишварро табрик гуфт.

Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон ба Сайид Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон сиюумин солгарди барқарории равобити дипломатики Теҳрон- Бишкекро табрик гуфт.

Паёми табрик ба шарҳи зер аст:

 Ҳазрат оятуллоҳ ҷаноби оқои Сайид Иброҳими Раисӣ

Раиси ҷумҳури мӯҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон

Ҷаноби олӣ, самимона аз тарафи мардуми Ҷумҳурии Қирғизистон ва шахси худ, ба муносибати сиюмин солгарди барқарории равобити дипломатик миёни Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷамҳурии Исломии Эрон табрик ва таҳният арз мекунам.

Дар ҳоли ҳозир кишварҳои мо дар ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона ва ҳамчунин дар заминаи таъмини амният натоиҷи муҳиммеро касб кардаанд.

дар идомаи паёми Ҷабборов ба Раисӣ бо таъкид бар ҳусни ҳамкориҳои дуҷониба дар арсаи дуҷониба ва инчунин минтақаӣ ва байналмилалӣ чунин омадааст:

 Ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар чорчуби Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ба сурати муваффақ пешрафт мекунад.

Аз давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон барои таъмини молии проектҳои фарҳангӣ ва варзишӣ дар Қирғизистон ва ироаи ду бор кумаки башардӯстона дар замони ривоҷи коронавирус қадрдонӣ ва сипосгузорӣ менамоям.

Мӯътақидам, ки равобити дӯстӣ мубтанӣ бар эҳтиром ва эътимоди мутақобил ва ҳусни тафоҳум беш аз пеш барои рифоҳи мардуми ду кишвар таҳким ва тақвият меёбад ва ҳамкориҳои ду кишвар ба сатҳи ҷадиде мерасад.

Барои ҷаноби олӣ саломатию тандурустӣ, шодкомӣ ва муваффақиятҳои бузург дар фаъолияти пурдоманаи ҷаноби олӣ ва барои мардуми Эрон сулҳ ва шукуфоӣ хоҳонам.

Бо камоли эҳтиром

Содир Ҷабборов,

Раиси ҷумҳури Қирғизистон

Сайид Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон ҳам ба муносибати 30-умин солгарди истиқрори равобити дипломатию сиёсӣ бо Қирғизистон ба Содир Ҷабборов барқияи шодбошӣ ирсол кард.

Дар ин паём аз ҷумла гуфта мешавад, ки «вохӯриҳои мутақобил дар сатҳи баланд ва машваратҳои дуҷониба барои идомаи равобит дар ҳама бахшҳо боз ҳам густариш ёфта, боиси андешидани тадбирҳои калидӣ барои таҳкими равобити ду мардуми дӯст мегардад.”

Қайд карда мешавад, ки Сайид Иброҳими Раисӣ, Содир Ҷабборов, ба Теҳрон даъват кардааст.