Муроҷиатномаи саргушодаи Раҷаби Мирзо ба Рустами Эмомалӣ

 Муроҷиатномаи саргушодаи Раҷаби Мирзо ба Рустами Эмомалӣ

Раҷаби Мирзо, журналисти шинохтаи тоҷик бо нашри як муроҷиатнома ба унвони Рустами Эмомалӣ хостори ба қазияи таъқибу боздошти хабарнигорон Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳи Ғурбатӣ дахолат кардани Рустами Эмомалӣ шуд.

Раҷаби Мирзо, журналисти шинохтаи тоҷик ва маъмури “Ахбор барои афкор”, яке аз пуртарафдортарини гуруҳҳо дар сегменти тоҷикии Фейсбук, рӯзи 16 июни соли 2022 бо нашри як муроҷиатнома ба унвони Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, хостори ба қазияи таъқибу боздошти хабарнигорон Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳи Ғурбатӣ дахолат кардани Рустами Эмомалӣ шуд.

Раҷаби Мирзо иттиҳоми насупоридани андоз ба зидди Далери Имомалӣ ва гӯё ба корманди милитсия муқобилият нишон додани Абдуллоҳи Ғурбатиро дур аз воқеият номида, навиштааст, Далери Имомалӣ ҷое фирор накардааст ва ҳатто баъди қазияҳои ахир ҳам аз кӯчаҳои Душанбе ва навоҳии дигари Тоҷикистон видеогузориш мекард. Ҳамин тавр, ба навиштаи Раҷаби Мирзо, “Абдуллоҳ Ғурбатӣ низ ончунон тануманд нест, ки тавонад бо корманди милиса сар ба сар шавад. Ин бар иловаи оне, ки ахлоқи хуб дошта, аз ҳуқуқи худу дигарон хуб огоҳӣ дорад”.

Муаллиф менависад,  “дар натиҷаи чунин мавқеъгириҳои мақомот, ки мутмаинем аз бедалелии онҳо бармеояд, обрӯи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, хоса шаҳри Душанберо, ки Шумо барои имиҷи мусбати он талош доред, коҳиш хоҳад ёфт”.

Раҷаби Мирзо хотиррасон кардааст, ки  бархе аз гурӯҳҳои мухолифи дар хориҷ қарордошта фаъолиятҳои Далери Имомалӣ, Абдуллоҳи Ғурбатӣ ва чанд журналисти мустақили дигарро “проекти Рустами Эмомалӣ” “ба хотири нишон додани демократия дар Тоҷикистон” арзёбӣ карда, ба фаъолияти онҳо нобоварона баҳо медоданд.

Вай навиштааст: “Яъне онҳо мардуми дохилу хориҷи мамлакатро “бовар кунонидан” мехоҳанд, ки дар Тоҷикистон ҳеҷ гуна нишонаҳое аз демократия ва озодии сухан вуҷуд надорад. Мо ба ин назарем, ки ин ду нафар самимонаву содиқона ва беғаразона рисолати касбии худро иҷро мекарданд ва исбот менамуданд, ки дар дохили кишвар ҳоло ҳам василаҳои гуфтани воқеиятҳо вуҷуд дораду барои гуфтани “ҳақиқат” набояд ба гурӯҳҳои иртиҷоиву мухолиф рӯ овард. Дар сурати ниқорталабона муносибат кардани мақомоти Тоҷикистон ба ин ду нафар, танҳо онҳо ба нерӯҳои беруна далел хоҳанд доду бас”.

Ӯ аз Рустами Эмомалӣ хостааст, ки назорати қазияи мазкурро шахсан ба зимма бигирад, “то “шахсони манфиатдор”, ки обрӯи худро аз давлат ва ҳукумат бештар медонанд, махсусан дар ҳоли ҳозир, ки минтақаи мо зери бархӯрдҳои ноаён, аммо шадиди геополитикиву геостратегӣ қарор дорад, сӯистифода карда натавонанд. Зимнан, хабари боздошти ин ду фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ норозигии зиёд ва ноумедиро ба бор овардааст, ки метавонад аз ин ҳолат ҳар нерӯи манфиатхоҳу ғаразкор суистифода намояд. Бовар дорем масъала то ин ҳад нахоҳад рафт…”

Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ки пиромуни масоили доғи ҷомиа видеогузоришҳо таҳия ва нашр мекарданд, рӯзи 15 июн дастгир шуданд.  Рӯзи 16 июн эълон шуд, ки Далери Имомалӣ ба напардохтани андозҳо аз фаъолияташ ҳамчун блогер ва паҳн кардани ахбори бардурӯғ айбдор мешавад ва Абдуллоҳ Ғурбатиро ба ҳамла ба корманди милитсияи ноҳияи Шоҳмансур гунаҳкор мекунанд. Бино ба иттилои дарёфтӣ, дар пайи ин қазия додситони ноҳияи Шоҳмансур Парвиз Ашӯриён истодааст. Ин додситони 38-сола писари вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён ва домоди раиси Додгоҳи олӣ Шермуҳаммади Шоҳиён будааст.

Ин бори аввал нест, ки фарзандони роҳбарони баландпояи Тоҷикистон бо рафтори худ ба обрӯву эътибори волидони худ зарба мезананд.