Мухолифати Иттиҳодияи Аврупо бо ташдиди таҳримҳо алайҳи Русия

 Мухолифати Иттиҳодияи Аврупо бо ташдиди таҳримҳо алайҳи Русия

Дмитро Кулеба вазири хориҷаи Украина, ки душанбе меҳмони нишасти вузарои хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо буд, хостори эъмоли фаврии таҳримҳо алайҳи Русия шуд, аммо бо посухи манфии Бруксел мувоҷеҳ шуд.

Дар ин росто Жозеп Боррел масъули сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо таъкид кард,ки ҳанӯз мавқеъи иттихози чунин иқдоме нарасида ва ҳар гоҳ,ки замони муносиб фаро расад, бо баргузории ҷаласаи фавқулода дар бораи эъмоли таҳримҳо алайҳи Русия тасмимгирӣ хоҳад кард.

Антони Блинкен вазири хориҷаи Амрико низ рӯзи якшанбе дар посух ба дархости мушобеҳи аз сӯйи Владимир Зеленский раис ҷумҳури Украина гуфта буд иҷрои зудҳангом ин тасмим он ҳам қабл аз он ки ҳамлаи рух диҳад, аз қудрати боздорандагии таҳримҳо кам хоҳад кард .

Мухолифати ғарбиҳо бо дархости Украина барои ташдиди таҳримҳо алайҳи Русия дар замонӣ кунӯни,ки ҳанӯз ҷанги идаъоии Русия алайҳи Украина оғоз нашудааст, дар воқеъ бо таваҷҷуҳ ба ҳароси ғарб аз вокуниши Маскав ба ин иқдоми хасмона сурат гирифтааст.

Аврупоиҳо ба хуби медонанд,ки эъмоли таҳримҳои ҷадид алайҳи Русия вокуниши шадиди Маскавро дар қолаби иқдомоти мутақобил ба ҳамроҳ хоҳад дошт. Албата Бруксел барои нишон додани қотеъияти худ дар қиболи иқдоми эҳтимолии Русия алайҳи Украина дар рӯзҳои ахир аз забони мақомоти аврупоӣ ба хату нишон кашидан барои Кремлин пардохтааст.

Урсула фон дер Ляйен раиси комисиюни Аврупо, Русияро ба таҳримҳои молии густарда дар сурати ҳамла ба Украина таҳдид карда ва гуфт: Таҳримҳои молии барномарези шуда бо ҳадафи қатъи иртиботи Русия бо бозорҳои молии байналмиллалӣ анҷом мешавад.

Вай тасреҳ кард,ки назари иқтисодӣ, таҳримҳои колоҳоеро ҳадаф қарор медиҳанд,ки Русия барои навсозӣ ва танавуъ бахшидан ба иқтисодӣ худ ба онҳо ниёзи фаври дорад. Бо ин ҳол вай эъмоли онро дархост карда, рад кард то ба идаъои ӯ панҷараи дипломати ҳамчунон боз бимонад. Жозеп Боррел масъули сиёсатӣ хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо низ дар ин замина идаъо кардааст,ки ин Иттиҳодия бастаи бисёр сахте аз таҳримҳоро алайҳи Маскав омода кардааст,ки дар сурати ҳамлаи Русия ба Украина билофосила ба вазирони хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо пешниҳод мешавад.

Русия эълом кардааст,ки дар вокуниш ба ҳаргӯна таҳримҳои ҷадид ва густарда аз ҷониби Иттиҳодияи Аврупо,посухи мутақобил хоҳад дод. Бо таваҷҷӯҳ ба вобастагии 40 дарсадии Аврупо ба газӣ Русия мусаламан посухи Маскав ба таҳримҳои Бруксел мутазамини қатъ ва ё коҳиши шадиди содироти газ ба Аврупо хоҳад буд,ки ин амр душвориҳои зиёдеро барои кишварҳои аврупоӣ ба вижа он даста ,ки вобастагии шадиде ба газӣ Русия барои таъмини гармоиши ва низ нерӯгоҳҳои барқии худ доранд эҷод хоҳад кард.

Ролф Мутзенич раҳбари гурӯҳи парлумони Ҳизби сотсиал- демокротии Олмон мегуяд: Агар Русия ба Украина ҳамла кунад,ин метавонад авоқиби бузурге барои иқтисодӣ Олмон дошта бошад. Дар ин сурат, Ғарб таҳримҳое алайҳи Русия эъмол хоҳад кард,ки Маскав метавонад бо тавофуқи арзаи газ ба он посӯх диҳад. Ба ин тартиб натанҳо бо таъҳсисоти нисбатан холии захира созии газ мувоҷҷеҳ хоҳем шуд, балки эҳтимолан бо мухтал шудани арзаи газ аз Русия низ рӯбарӯ мешавем.

Албата Украина,ки акнӯн дар остонаи ҷанг бо Русия қарор гирфтааст хоҳони он аст,ки Ғарб ҳадиаксарӣ фишори мумкинро ба Русия барои ҷилавгирӣ аз таҳоҷумӣ идаъои он алайҳи Украина ворид кунад. Бо ин ҳол сарони ғарбӣ аъам аз Амрико ва Аврупо нишон додаанд,ки манофеъашон барои онҳо аз авлавияти нахуст бархурдор аст ва ҳозир нестанд барои ҳимоят аз Киев, иқдомоти бемуҳобо ва носанҷида анҷом диҳанд. Камо ин ки ба рағми кӯмакҳои низомӣ ва таслиҳотии бархе кишварҳои аврупоии узви Нато ва Амрико ба Украина , аммо онҳо ҳозир ба истиқрори низомиёни худ дар ин кишвар нашуда ва ҳатто нерӯҳои худро аз Украина хориҷ карданд.

Агар чӣ идаъо мешавад ба маҳзи ҳамлаи низомиёни рус ба Украина, Вашингтон ва шурако дар иқдоми ҳамоҳанге таҳримҳои камаршиканро алайҳи иқтисодӣ Русия эъмол хоҳад кард , аммо феълан Амрико ва Аврупо бидуни таваҷҷӯҳ ба хостаҳои Маскав тазоҳур мекунанд,ки ба дунболи роҳи типломатик барои ҳаллу фасли буҳрони Украина ҳастанд.