Мухолифати Украина бо тарҳои ҷойгузин дар бораи узвияти он дар Иттиҳодияи Аврупо

 Мухолифати Украина бо тарҳои ҷойгузин дар бораи узвияти он дар Иттиҳодияи Аврупо

Владимир Зеленский раиси ҷумҳӯри Украина рӯзи якшанбе дар вокуниш ба тарҳи пешниҳодии ҳамтои фаронсавии худ, ҳаргӯна пружаи ҷойгузине барои узвити Украина дар Иттиҳодияи Аврупоро навъи созиш бо Русия донист.

Зеленский таъкид кард: Мо ба ҷойгузинҳои барои номзадии Украина ҷиҳати узвият дар Иттиҳодияи Аврупо ва ин даста аз мусолиҳа ниёз надорем.

Пас аз ҳамлаи низомиёни Русия ба Украина Зеленский борҳо дархости узвият дар Иттиҳодия Аврупоро матраҳ кардааст, аммо мақомоти Иттиҳодияи Аврупо ва ғолиб сарони аврупоиҳо борҳо бар тулони будани ин ба фароянд таъкид кардаанд. Зимни ин, ки акнӯн роҳи ҳалҳои ҷойгузин дар ин замина матраҳ шудааст. Аз ҷумла Эманнуэл Макрон раиси ҷумҳӯри Фаронса ахиран пружаи ( Созмони сиёсии Аврупо )-ро дар парлумони Аврупо матраҳ ва тасреҳ кард, ки созукори илҳоқи Украина ба Иттиҳодияи Аврупо мумкин аст даҳҳаҳо тӯл бикашад. Вай ҳамзамон пешниҳои эҷоди як Созмони ҷаддиди аврупоиро , ки Украина бар он мулҳақ шуда ва метавонад шомили Британия низ бошад,ироа кард. Ин пружа, ки қарор аст дар як нишасти аврупоӣ дар поёни июн барраси шавад, мавриди интиқоди бархе аз сарони аврупоӣ аз ҷумла раиси ҷумҳӯри Латвия, қарор гирифт, муътақид аст ин нишон диҳандаи адами тамойил ба вурӯди сареъи Украина ба Иттиҳодия Аврупо аст.

Ҳамчунин мақомоти сиёсии хориҷии Фаронса низ дидгоҳи мушобеҳи Макрон дар бораи узвияти Украина дар Иттиҳодияи Аврупо матраҳ кардаанд, дар охарин мавзеъгири дар ин замина Клемо Бун намояндаи вазири умури хориҷаи Фаронса дар умури Аврупо рӯзи якшанбе гуфт: Талоши Украина барои пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупо мумкин аст 15 то 20 сол тӯл бикашад то ба натиҷа бирасад.

Клемо Бун бо нодида гирифтани умедҳои Зеленский барои вурӯди сареъи Украина ба Иттиҳодияи Аврупо ба вижа пас аз шурӯъи амалиёти низомии Русия таъкид кард: Бояд рӯрост бошем, Ин, ки гоҳе гуфта мешавад Украина шаш моҳ як ё ду соли дигар ба Итиҳодияи Аврупо мепайвандад, дурӯғ аст.

Қабл аз ин мувофиқати сареҳ Олмон ба унвони муҳимтарин кишвари Иттиҳодияи Аврупо ва бузургтарин иқтисодӣ Аврупо ва ҳамчунин Утришм бо ин масъалаи раиси ҷумҳӯр Украина барои узвияти фаврӣ дар ин ниҳоди аврупоиро нақша бар об карда ва чашмандози мусбате дар ин замина боқи нагзошта буд. Дар марҳилаи баъд бо интишори баёнияи 12 кишвари аврупоӣ дар авоили майи 2022 дар мухолифат бо узвияти фаврии ин кишвар дар ин Иттиҳодияи Аврупо метавонад гуфт, ки узвияти ин кишвар дар ин Иттиҳодия бо ибҳоми комил мувоҷеҳ шудааст.

Бо таваҷӯҳ ба меъёрҳо ва стандардҳои Иттиҳодияи Аврупо ва фосилаи бисёри Киев аз ин стандардҳо ба вижа дар заминаи мубориза бо фасоди моллӣ ва идорӣ, асосан таҳақуқи хости Зеленский барои узвияти фаврии Украина дар ин Иттиҳодия номумкин аст. Акнӯн Украина аз лиҳози фасод рутбаи 117-ро дар ҷаҳон доробуда аз фосидтарин кишварҳои аврупоӣ дар заминаи фасоди молллӣ ва идорӣ маҳсуб мешавад. Вазъияти иқтисодии Украина низ дар солҳои ахир бо вахомати рӯзафзӯне мувоҷеҳ будааст. Ҳамаи инҳо эҳтимоли узвияти ин кишварро дар Иттиҳодия Аврупо бисёр заъиф намудааст. Зимни ин, ки яке аз муҳимтарин шароите, ки Иттиҳодияи Аврупо барои кишварҳои хоҳони узвият, таъин карда, ҳалу фаслии тамоми ихтилофоти арзӣ ва марзӣ бо ҳамсоягонаш аст. Бадин тартиб ҳатто агар раванди узвияти Украинн дар Итиҳодияи Аврупо оғоз шавад, ки албатта ниёз ба иҷмоъи назари ҳамаи аъзои он дорад, аммо таҳақуқи он ниёз ба раванди тӯлони ва печидае хоҳад буд.

Ин дар ҳоле аст, ки давлатӣ ғарбгароӣ Киев асосан бо ин тасавур, ки Ғарб тамоили воқеъи барои ҳамгароии Украина дар ниҳодҳои аврупоӣ монанди Иттиҳодияи Аврупо ва ниҳодҳои низомӣ монанди НАТО дорад, вориди арсаи рӯёрӯйи бо Русия шуда буд.

Дар ҳоле, ки акнӯн дар заминаи узвияти Украина дар НАТО чашмандози равшане вуҷӯд надошта ва дар бораи пайвастани ин кишвар ба Итиҳодияи Аврупо низ, аммо ва агарҳои зиёде вуҷӯд дорад. Дар воқеъ ҳамин тардидҳо сабаб шуда то раиси ҷумҳӯри Фаронса пешниҳодии ташкили як ниҳоди аврупоии ҷадидро ироа кунад, ки битавон дар он кишварҳои монанди Украина ва Британияро низ гунҷонд. Аммо мухолифати шадиди Зеленский раиси ҷумҳӯри Украина бо ин ида нишон медиҳад, ки Киев ҳеҷ гузинае ҷузъ узвияти зар чӣ сариътар дар Иттиҳодия Аврупоро намепазирад. Орзӯе, ки таҳақуқии он дар миён муддати номумкин ба назар мерасад зимни ин, ки Русия низ дар мавзеъгирии ҷадиди худ бар мухолифат бо узвияти Украина дар Иттиҳодия Аврупо таъкид варзидааст.