Муқовимат-интихоби мардуми Фаластин аст

 Муқовимат-интихоби мардуми Фаластин аст

Дабири кулли Ҷиҳоди исломии Фаластин гуфт: Ончи пеши рӯ аст, бузургтар аст ва размандагони фаластинӣ рӯзҳои ғамгинро ба рӯзҳои шукуҳу пирӯзӣ табдил мекунанд

Зиёд Аннухола-дабири кулли ҷумбиши Ҷиҳоди исломии Фаластин дар вокуниш ба шаҳодати се размандаи ин ҷумбиш тавассути режими саҳюнистӣ таъкид кард: Амалиётҳои ахир ояндаи Фаластинро ба дур аз конфаронсҳои созишу оддисозӣ шакл медиҳад.

Аннухола бо баёни инки муқовимат интихобе аст, ки мардуми озодаву шуҷоъи Фаластин ба даври он гирдиҳам меоянд, гуфт: Ҷумбиши Ҷиҳоди исломӣ роҳи муқовиматро то озодии Фаластин комил хоҳад кард.
Дабири кулли Ҷиҳоди исломии Фаластин таъкид кард: Азми диловаронае, ки дар тамоми Каронаи бохтарӣ аз шимол то ҷануби он сокин аст, муҷоҳидинро меофаринад ва шигифтиангезтарин улгӯҳои фидокорӣ ва қаҳрамониро ба сабт мерасонад.

Ба гуфтаи шахсиятҳои фаластинӣ амалиётҳои муқовиматии ахири фаластиниён дар сарзаминҳои ишғолӣ режими саҳюнистиро саросема карда; ба тавре ки ба террори майдонӣ рӯй овардааст . Шабакаи радиоу телевизиони режими саҳюнистӣ гузориш дод 200 сарбоз аз ягонҳои вижа барои тақвияти неруҳои полис дар Қудс эъзом шуданд .