Муҳоҷират меҳвари дидори мақомоти Тоҷикистон ва Қатар

 Муҳоҷират меҳвари дидори мақомоти Тоҷикистон ва Қатар

Мақомоти Тоҷикистон ва Қатар масоили бозори меҳнат, касбомўзӣ, равандҳои асосии муҳоҷирати меҳнатӣ дар бозори байналмилалии меҳнат, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони кориро баррасӣ карданд.

Дар пойтахти Тоҷикистон Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар дар мулоқот бо сафири Қатар дар Тоҷикистон Иброҳим бин Муҳаммад ал-Абдуллоҳ масоили марбут ба татбиқи созишномаи амалкунанда дар самти қувваи кории Тоҷикистон ва баррасии вазъи бозори меҳнатро баррасӣ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати меҳнат.

Тибқи иттилои манбаъ, дар рафти дидору гуфтугӯ масоили мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн, аз ҷумла марбут ба татбиқи созишномаи амалкунанда дар самти қувваи кории тарафайн, инчунин масъалаҳои марбут ба соҳаҳои меҳнат, аз ҷумла роҳандозӣ намудани ҳамкориҳои минбаъда дар самти муҳоҷират ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

“Тарафҳо ба муҳимияти масъалаҳои бозори меҳнат, касбомӯзӣ, равандҳои асосии муҳоҷирати меҳнатӣ дар бозори байналмилалии меҳнат, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони корӣ ва раванди демографӣ будани муҳоҷират таъкид намуда, ҳавасмандии худро барои идомаи ҳамкориҳо таъкид намуданд”, — қайд кардааст манбаъ.

Ёдрас мешавем, ки қаблан давлати Қатар муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро барои кор дар корҳои сохтмонӣ, инфрасохтори сайёҳӣ, меҳмоннавозӣ ва бахши хизматрасонии иҷтимоӣ даъват карда буд.

Қаблан миёни мақомоти тарафайн масоили ба таври муташаккилона сафарбарнамоии муҳоҷирони меҳнатӣ–шаҳрвандони Тоҷикистон ба Давлати Қатар, бақайдгирӣ ва барасмиятдарории муҳоҷирони меҳнатӣ–шаҳрвандони Тоҷикистон дар Давлати Қатар, ҳимояи ҳуқуқ, омӯзиши малакаҳои забондонӣ, баланд бардоштани тахассуси муҳоҷирони меҳнатӣ зимни фаъолияти корӣ дар Давлати Қатар мавриди муҳокимаи қарор гирифта буд.