Муҳриддин; ҳукумати фарогир танҳо роҳи таъмини сулҳу субот дар Афғонистон

 Муҳриддин; ҳукумати фарогир танҳо роҳи таъмини сулҳу субот дар Афғонистон

Сироҷиддини Муҳриддин вазири умури хориҷа гуфт, эҷоди як ҳукумати фарогир омили калидӣ дар барқарории сулҳу суботи пойдор дар Афғонистон хоҳад буд.

Ба гузориши Вазорати умури хориҷа дар дидору музокироти Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷаи кишвар ва Ҷозеп Боррел, масъули сиёсии хориҷии Иттиҳоди Аврупо бар зарурати тақвияти ҳамкориҳои дутарафа дар заминаҳои мавриди алоқаи мутақобил ва ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон таъкид шуд.

Муҳриддин ва Боррел дар мавриди тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ва чашмандози онҳо дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ, зистмуҳитӣ ва башардӯстона гуфтугӯ карданд.

Вазири умури хориҷаи кишвар ва масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин амнияту суботи минтақаӣ, ба вижа вазъияти Афғонистон, таҳдидоти террористӣ ва ифротгароӣ табодули назар карданд.

Вазири хориҷаи Тоҷикистон афзуд: Зимни ин дидор ҳамчунин таъкид кардем, ки фарояндҳои ҷадиди сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ дар Осиёи Марказӣ ва фаротар аз он шакл гирифтаанд, ки ин воқеият лозимаи густариши ҳамкориҳову тақвияти мабонии ҳуқуқии таомулот миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо аст.

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо ишора ба аҳамияти ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Иттиҳоди Аврупо изҳор дошт, ки дар хусуси вуруди Тоҷикистон ба сомонаи вижаи тарҷеҳоти Иттиҳоди Аврупо (GSP +), ки имкони воридоти колову маҳсулот ба қаламрави ин созмон бо имтиёзоти гумрукиро фароҳам мекунад, баҳсу баррасӣ сурат гирифтааст.

Ин мақоми сиёсии тоҷик дар бахши дигаре аз суханони худ баён кард, густариши доманаи чолишҳои амниятие назири терроризму ифротгароӣ, ҷиноёти созмонёфтаи фаромарзӣ монанди қочоқи маводи мухаддир ва аслиҳа ҷои нигаронӣ дошта ва ду тараф дар мавриди тақвияти ҳамкориҳо дар ин замина ба тавофуқ расидем.

Сироҷиддини Муҳриддин идома дод, яке аз мавзуоти муҳим ҳаллу фасли ҳар чӣ зудтари ихтилоф ва коҳиши таниш дар вилояти Панҷшер аз роҳи эъломи оташбас ва боз кардани роҳҳо барои ироаи кумакҳои башардӯстона барои мардум талаққӣ мешавад.

Ҷозеп Боррел низ тайи суханоне аз мизбонии Тоҷикистон аз ҳафдаҳумин нишасти вузарои умури хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо қадрдонӣ кард ва гуфт, ки он бар тақвияти ҳамкорӣ ва таомулот миёни минтақа ва ин созмон кумак хоҳад кард.

Вай аз ҷумла кумак ба ҳамгироии минтақаӣ дар Осиёи Марказиро яке дигар аз аҳдофи ин созмон унвон кард.

Боррел дар канори зарурати ҳаллу фасли мушкилоти мавҷуд дар минтақа, тағйири иқлим ва дастрасии мардуми Осиёи Марказӣ ба манобеи обиро яке аз чолишҳои қобили тавваҷуҳ тавсиф кард ва гуфт, ки коргурӯҳи Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ бар фаъолиятҳои худ дар ин замина идома хоҳад дод.

Вай терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва аслиҳаву муҳоҷиратро аз чолишҳои муштарак барои ҳамаи кишварҳо унвон кард.

Боррел ёдовар шуд, ки Иттиҳоди Аврупо дар мушкили ҳамагирии корона барои кишварҳои мухталифи дунё ба мизони 3 миллиард доллар кумак кард, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ низ аз ин кумакҳо бархӯрдор шудаанд.