Намози Иди Фитр дар Масҷидулақсо

 Намози Иди Фитр дар Масҷидулақсо

Ҳудуди 200 ҳазор намозгузор имрӯз (душанбе) намози Иди Фитрро дар Масҷидулақсо иқома карданд.

Бахши қадимии шаҳри Қудси ишғолӣ аз субҳи имрӯз (душанбе) шоҳиди вуруди густурдаи шаҳрвандон, хонаводаҳо ва кӯдакони фаластинӣ бо ҳадафи иштирок дар намози Иди Фитр буд ва ҳазорон нафар аз шаҳрвандони фаластинӣ субҳи имрӯз намози Иди Саиди Фитрро дар Масҷидулақсо иқома карданд.

Бо ҳузури низомии неруҳои режими саҳюнистӣ дар вурудиҳои бахши қадимии шаҳри Қудс роҳҳо ба суи Масҷидулақсо маҳдуд шуда буд.

Пештар дар миёни тадобири шадиди амниятӣ ва бар хилофи маҳдудиятҳои фаровони эҷод шуда аз ҷониби Исроил, ҳазорон намозгузори фаластинӣ, зуҳри рӯзи ҷумъа худро ба Масҷидулақсо расонданд то дар охирин ҷумъаи моҳи шарифи Рамазон намози ҷумъаро дар бошукӯҳтарин ҳолати худ баргузор кунанд.

Ниҳоди исломии Фаластин дар Қудс пештар дар баёнияе эълон карда буд, ки беш аз 160 ҳазор намозгузори фаластинӣ дар охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон намози ҷумъаро дар Масҷидулақсо баргузор карданд.