Нақзкунандаҳои ҳуқуқи башар, дигаронро насиҳат накунанд

 Нақзкунандаҳои ҳуқуқи башар, дигаронро насиҳат накунанд

Козим Ғарибободӣ дабири ситоди ҳуқуқи башари Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар вокуниш ба кашфи даҳҳо гури дастаҷамъӣ дар маҳаллӣ мадориси бумиёни амрикоӣ изҳор дошт: Бо вуҷӯди нақзи густардаи ҳуқуқи башар, Амрико ҳамчунон ба худаш иҷозат медиҳад то дигаронро дар хусӯси риояти ҳуқуқи инсонӣ насиҳат кунад.

Ғарибободӣ дар саҳифаи шахсии худ дар Твиттер навишт: Кӯдакони бумии амрикоӣ аз хонаводаҳои худ ҷудо шуданд, нагузоштанд ба забони модариашон ҳарф бизананд, мавриди сӯи исдифода қарор гирифтанд, ба онҳо таҷовуз шуд ва дар ниҳоят дар гӯрҳои дастаҷамъӣ дафн шуданд, аммо Амрико ба худаш ҳамчунон иҷоза медиҳад дигаронро дар бораи ҳуқуқи башар насиҳат кунад.

Ҷудосозии кӯдакони бумиёни амрикоӣ аз хонаводаҳо, забон ва фарҳангашон ва омӯзишҳои иҷборӣ ва дар ниҳоят қатли бахше аз онҳо, фасли торике аз таърихи Иёлоти Муттаҳида дар заминаи нобудии амдии сокинони аввалия ва аслии Амрико аст. Ин масъала ба қадре ошкор ва ғайри қобили инкор аст, ки ҳатто давлати Иёлоти Муттаҳида низ ба он эътироф кардааст.

Деб Ҳооланд вазири кишвари Амрико, дар гузорише эълом кардааст, таҳқиқоти давлати дар маврди мадориси шабона рӯзии бумиён, ба кашфи гӯрҳои дастаҷамъии аломатгузори шуда ё фоқиди аломат дар маҳал, 53 маврид аз ин мадорис мунҷар шуд. Дар ин гузориш тасреҳ шуда, ки сӯистифодаҳои шаддиди ҷисмӣ, ҷинсӣ ва отифӣ, дар ин мадорис сурат гирфта ва то кунӯн беш аз 500 кӯдак, ки дар ин мадорис ҷони худро аз даст додаанд сабт шудааст.

Алирағми шиорҳои давлати Амрико дар заминаи риояти ҳуқуқи башар ва ҳифозат аз ҳуқуқ ва ҳифозатҳои фардӣ ва иҷтимоъӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандӣ дар ин кишвар, амалкарди давлати Амрико дар заминаи масоъили мухталифе монанди бархӯрдҳои хашин ва ғайри инсонӣ ва табъизомез бо бумиён, ақалиятҳо ва сиёҳпӯстон, бархӯрдҳои ғайри инсонӣ бо паноҳҷӯён аз ҷумла ҷудо кардани фарзандон аз волидайни онҳо, хушунати беҳадду андозаи полиси Амрико бо рангин пӯстон, вазъияти зиндониён, таҷовӯз ба ҳарими хусӯсӣ ва бисёр мавориди дигар нишон диҳандаи иддаоҳои дурӯғини Вашингтон дар заминаи дифоъ аз ҳуқуқи башар аст.

Бо бурӯзи ҳамагирии Корона ва бемории Ковид-19 ақаллиятҳои нажодӣ ва қавмӣ монанди ҷавомеъи сиёҳпӯстон, лотин ва бумиён бештар осеб диданд, ва ин масъалаи нобаробариҳои нажодӣ мавҷӯд дар Амрико дар ҳавзхаҳои муроқибатҳои беҳдоштӣ, маскан, дастрасӣ ба оби солим, иштиғол, омӯзиш ва анбошти сарватро амиқтар кардааст.

Иёлоти Муттаҳида ба унвони мудаъии дифоъ аз озодӣ ва ҳуқуқи инсонӣ дар Ғарб, ҳар сола гузориши муфасале дар бораи ҳуқуқи башар дар дигар кишварҳо мунташир мекунад ва ба вижа кишварҳои рақиб ва душмани Амрикоро ба ин баҳона ҳадафи ҳамалоти таблиғонтӣ ва сиёсӣ қарор медиҳад. Дар ҳоле, ки Амрико бузургтарин ноқизи ҳуқуқи башар дар ҷаҳон аст.

Ондроник Мигрониён коршиноси сиёсии русӣ мегуяд: Амрико бештар аз бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, ҳуқуқи башарро нақз мекунад.

Пурсише, ки ба зеҳн меояд ин аст, ки Амрико чӣ имтиёзи хосе барои худ қоил аст, ки худро ба истилоҳе тофтаи ҷудо бофта талқи кардааст ва иҷозаи ҳеҷ навъ изҳори назареро ба дигарон дар бораи вазъияти ҳуқуқи башарии ин кишвар намедиҳанд?

Ниҳодҳои ҳуқуқи башарӣ монанди Шӯрои ҳуқуқи башар Созмони Миллал то кунӯн дар гузоришҳо ба мавориди мутаъдиде нақзи ҳуқуқи башар дар Амрико ба вижа тадовуми бархӯрдҳои зиддӣ инсонӣ бо бумиёни амрикоӣ ва нажодпарастии густарда ишора карда ва хоҳони рафъи онҳо шуданд.

Ифшои вуҷӯди гурҳои ҷамъӣ дар мадориси шабона рӯзии бумиёни амрикоӣ намӯнаи дигар аз мавориди нақзи ҳуқуқи башар дар ин кишвар аст. Ба вижа интиқоди Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Миллал мутаваҷеҳи вазъияти ноҳанҷор ва зиддӣ инсонии бумиён ва ақаллиятҳои нажодӣ дар Амрико ва дархост барои тағири ин вазъият будааст. Онҳам дар кишваре, ки идаои пештозӣ дар заминаи ҳуқуқи башар дар ҷаҳонро дорад.

Бо ин ҳол давлати Амрико ҳамвора бо хостаҳои ниҳодҳои ҳуқуқи башарӣ барои ислоҳи равандҳои зиддӣ инсонии кунӯни алайҳи бумиён ва рангинпӯстон бо беэътинои бархурд кардааст.