Нақши бозигарони минтақавӣ ва фароминтақавӣ дар таниши пешомада миёни Эрон ва Озарбойҷон

 Нақши бозигарони минтақавӣ ва фароминтақавӣ дар таниши пешомада миёни Эрон ва Озарбойҷон

Руйдодҳои ахир дар Қафқози ҷанӯбӣ, ба хусус иқдоми Бокӯ дар масдуд кардан масири рафту омади мошинҳои борбари эронӣ ба самти Арманистон, Гурҷистону Дарёи сиёҳ ва ҳамчунин баргузарии машқҳои мухталифи низомӣ ва изҳор кардани суханони сиёсии ғайримаъмул дар мавриди Эрон, боис шудааст, ки равобити дуҷониба миёни Эрон ва Озарбойҷон, дар шароити таниш қарор гирад.

Таниши ба вуҷуд омадаро наметавон танҳо ҳосили шӯҳратпарастии Алиев, президенти Озарбойҷон донист бозигарони минтақавию байналмилалӣ низ нақши бисёре дар масоили пешомада доранд, илова бар шахси Ардуғон ва тафаккуроти неуусмонигарии вай, ки боиси ҳамроҳиаш бо Бокӯ шудааст беш аз ҳар чиз ончи муҳим аст фаъол шудани Амрико ва Исроил ҷиҳати иқдомоти ниёбатӣ дар марзҳои шимоли ғарбии Эрон аст. Дар ин саҳна Амрико ба ҷои ҳузури мустақиму ошкор аз зарфияти равобити амниятии ҳудуди 30 солаи режими саҳюнистӣ бо ду Ҷумҳурии озарӣ ва арманӣ истифода мекунад. Дар як тараф Ҷумҳурии Озарбойҷон аст, ки солҳо кишвари худро паноҳгоҳи ҷараёнҳои ҳомии Исроил ва ҳатто ҳузури мустақими саҳюнизм дар минтақа кардааст. Ва дар тарафи дигар давлати Арманистону шахси Никол Пашинян, ки дар муқоиса бо давлати собиқи ин кишвар, ғарбгаро маҳсуб мешавад ва дар чорчуби як тарҳи амрикоӣ-туркӣ ва ба умеди хиёлии бархурдор шудан аз фавоиди сиёсӣ ва иқтисодӣ ба ин тарҳ пайвастааст дар ҳоле, ки хиёнат ба кишвари Арманистон мебошад.

Дар ин миён наметавон нақши Маскавро нодида гирифт зеро, ки Русия яке аз қудратҳои муҳим ва таъсиргузоре будааст, ки дар ҷанбаҳои мухталиф аз ҷумла низомӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ дар ин минтақа нақши муҳиммеро иҷро мекунад ва ин минтақаро ҳаёт хилвати худ медонад. дар ҳоле, ки камтар аз ду моҳ аз моҷарои Қарабоғи Кӯҳӣ ва таниши марзӣ миёни Бокӯ-Ереван мегузарад Ҷумҳурии Арманистон дар иқдоме марзҳои ҳавоии худро ба руи Озарбойҷон баъд аз гузари беш аз 30 сол гушудааст ин моҷаро замоне иттифоқ афтод, ки Эрон иҷозаи истифода аз ҳарими ҳавои худро ба Бокӯ барои интиқоли таҷҳизоту адавоти низомӣ ба ҷиҳати баргузории машқҳои низмоӣ дар минтақаи Нахҷавон надод. Бо вуҷуди даргирӣ ва танишҳои собиқадор миёни Бокӯ ва Ереван чандон дур аз зеҳн нест, ки Маскав дар ахзи тасмими ахири Арманистон барои бозгушоии марзи ҳавоӣ нақш дошта бошад зеро, ки дар тавофуқномаӣ сулҳи ахир миёни Озарбойҷону Арманистон, ки дар Маскав имзо шуд муқарар шуд то Нахҷавони Бокӯ аз тариқи долоне бо гузар аз Арманистон ба якдигар муттасил шаванд.

Бо вуҷуди иттиҳоде, ки дар равобит миёни Теҳрону Маскав вуҷуд дорад, аммо токунун Русия мавзеи мушаххасеро дар баробари ҳаводиси ахири минтақа ва дар ҳимоят аз Эрон иттихоз накардааст масъалае, ки ошкор аст вуҷуди аҳамияти бисёри дастрасии Эрон ба шоҳроҳе аст, ки бо гузар аз Арманистон Теҳронро ба дарвозаи Аврупо мерасонад масдуд кардани марзи Эрон бо ин кишвар метавонад масдуд шудани долони шимол-ҷануб аз ғарби дарёи Хазарро дар пай дошта бошад, ҳамчунин Туркия дар заминаи долони шарқ-ғарб низ барои дур кардани Эрон иқдом ба тавсеаи долонҳои рақиб, монанди Тронс-Хазар ва роҳи Лоҷавард кардааст иқдоме, ки дар ин миён метавонад Эронро аз лоиҳаи бузурги як Камарбанд як ҷодда ё ҳамон роҳи Абрешим, ки бо сармоягузории Чин дар ҳоли  сохт аст канор бигузорад масъалае, ки Эрон наметавонад ба осонӣ аз он гузарад ва ҳатман ниёз мебинад, ки мавзеи муносибе нисбат ба он иттихоз кунад.