Нақши Сулаймонӣ дар муқобила бо гуруҳҳои террористӣ ва такфирии ДИИШ

 Нақши Сулаймонӣ дар муқобила бо гуруҳҳои террористӣ ва такфирии ДИИШ

Генерал Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи пешини Неруи қудси сипоҳи Эрон ба унвони шахсияти таъсиргузор дар арсаи байниалмилалӣ, дар муқобила бо гуруҳҳои террористӣ ва такфирии ДИИШ тасмимоти таҳсинбарангез интихоб ва дар ниҳоят ин гуруҳи террористӣ, ки тавассути Амрико ва саҳюнизми кудаккуш ба вуҷуд омад ва ҳимоят мешудро аз байн бурд.

Бидуни шак ҳузури муассири шаҳид Сулаймонӣ дар саҳнаи мубориза бо ДИИШ ва шикасти ин найранги саҳюнистӣ, амрикоӣ дар минтақа, муҷиб шуд, ки истикбори ҷаҳонӣ ва Исроили ғосиб бо ҳамкории бархе аз ҳокимони кишварҳои арабии минтақа тасмим бигиранд, ки вайро ба шаҳодат бирасонанд. Агар шаҳид Сулаймонӣ дар муқобили ДИИШ намеистод мумкин буд ин гуруҳи террористӣ ҷаҳонро ноамн созад ва бегуноҳони зиёдеро ба коми марг бифиристад ҳамон тавре, ки дар муддати кӯтоҳе, ки дар шому Сурия ва Ироқ ҳазорон бегуноҳи кудак, навҷавон ва ҷавонро ба сурати дастҷамъона ба қатл расонд.

Бино бар ин дар ин матн мехоҳем нақши Сулаймонӣ ва коркардҳову раҳоварадҳои вай, ки дар мубориза бо ДИИШ анҷом додаастро ба сурати мухтасар баён кунем ва дастҳои пушти пардае, ки ин гуруҳҳоро эҷод, ҳидоят, раҳбарӣ ва аз лиҳози моддӣ ва фикрӣ тағзия мекунандро ошкор созем; то бошад ки мусулмонони ҷаҳон нисбат ба фаъолиятҳои шабонарӯзии душманони Ислом ошнотар ва аз макру ҳилаи онҳо бо хабартар шаван. Ҷиҳати расидан ба ин ҳадаф ибтидо хулосае аз зиндагии шаҳид Сулаймонӣ ва фаъолиятҳои сиёсии вай баён шуда ва муҳимтарин фаъолиятҳо ва иқдомоти гуруҳҳои террорист ва такфирӣ, раҳбарону коргардонони онҳо муаррифӣ ва дар поён иқдомоту чигунагии муқобила бо ин гуруҳҳо тавассути шаҳид Сулаймонӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад.

  1. Зиндагиномаи шаҳид Сулаймонӣ

Шаҳид Қосим Сулаймонӣ фарзанди Ҳасан дар 11 марти соли 1957 таваллуд шудааст, пас аз пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон дар соли 1979 ба сурати ифтихорӣ вориди Неруи Сипоҳи Қудси кишвараш шуд ва дар ҳамлаи Саддом Ҳусайн, раисҷумҳури вақти Ироқ дар соли 1980 ба Эрон фармондеҳии Сипоҳи Озарбойҷони Ғарбиро бар уҳда дошт ва як сол баъд дар мақоми фармондеҳии Неруи Соруллоҳ дар амалиёти мухталифе иштирок ва муваффақиятҳо ва пирӯзиҳои бешуморе касб кард, баъд аз шикасти нангини Саддом Ҳусайн ва поён ёфтани ҷанги Эрону Ироқ ба шаҳраш Кирмон бозгашт ва дар соли 2000 ба унвони Дуюмин фармондеҳи Неруи Қудс интихоб шуд ва дар муддатзамони масъулияташ тавонист фаъолиятҳои Меҳвари муқовиматро дар кишварҳои исломӣ тақвият ва густариш диҳад, ки намунаи ошкори он ҳимояти ҳамаҷониба аз мусулмонони ҷабҳаи муқовимат дар Афғонистон, Фаластин, Лубнон, Ироқ, Сурияу Яман ва… аст. Сулаймонӣ пас аз умре муҷоҳидати мухлисонаву шуҷоъона дар майдонҳои мубориза бо шаётину ашрори олам, ба дасти бадтарин башар дар нимашаби 3-уми январи 2020 ба ҳамроҳи шаҳид Абу Маҳдӣ Ал-муҳандис, муовини раиси Ҳашдушшаъбӣ (неруи мардумии Ироқ) ва дигар ҳамроҳон дар наздикии фурудгоҳи Бағдод ба шаҳодат расиданд.

  1. Нақши шаҳид Сулаймонӣ дар муқобила ва фурӯпошии хилофати ДИИШ

Бо пешравии густардаи ДИИШ дар соли 2011 дар Ироқу Сурия ва куштори бераҳмонаи мардуму тахриби маконҳои муқаддас, мероси фарҳангӣ ва ғорати молу амволи мардум… Ва адами тавоноии лозими давлати Ироқу Сурия дар муқобила бо онҳо то онҷо ки ба гуфта бисёре аз фармондеҳони низомӣ, ДИИШ то пушти дарвозаҳои кохи раёсат ҷумҳурии Сурия расида буд ва ҳеҷ кас фикр намекард, ки ДИИШ дигар шикаст бихӯраду ишғоли шаҳрҳо яке пас аз дигар занги хатари ҷиддии суқути давлати Ироқу Сурияро ба садо дароварду онҳо барои ҳалли буҳрони ба вуҷуд омада аз Эрон дархост намуданд, ки дар муқобила бо ин гуруҳ кумакашон кунанд ва Эрон ҳам бо тавваҷӯҳ ба инки ҷанг дар Ироқу Сурия мутафовит аз эътирозоту даргириҳои кишварҳои Либиё, Миср, Тунис, Яман, Баҳрайн… аст чун дар он кишварҳо мардум худашон ҳокимонро намехостанд ва дар воқеъ мутолиба ба ҳақ доштанд Эрон низ аз амалкарди мардум ҳимоят кард; аммо дар қазияи Ироқу Сурия ин мардум набуданд ки қиём кунанд балки гуруҳҳои террористии такфирӣ аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон бо ҳимояту пуштибонии густардаи истикбори ҷаҳонӣ ва саҳюнизми байниалмилалӣ ва ҳокимони сода ва фиребхӯрдаи минтақа буданд ки мехостанд қаламрави хилофати худсохтаи худро густариш ва аҳдофи палиди истикбори ҷаҳониро иҷро созанд; аз ин рӯ Эрон бо тавваҷӯҳ ба инки мардуми Сурия аз Башшор Асад ҳимоят доранд ва Башшор Асад низ ҳамвора дар канори муқовимат буда ва аз мардуми мазлуми Фаластин ҳимоят карда ва дар заминаи иқтисодӣ низ амалкарди равшане дорад, ба дархости онҳо посухи мусбат дод. Зимни инки таҳдиди гуруҳи террористӣ ва такфирии ДИИШ танҳо мутаваҷҷеҳи давлати Ироқ ва Сурия набуд ва мумкин буд дар он кишварҳо қудратро дар даст мегирифтанду билофосила ба дигар кишварҳо ҳамла мекарданд.

Бино бар ин метавон гуфт муҳимтарин далоили истодагии Эрон дар баробари ДИИШ иборатанд аз: таъмини амнияи худ, дифоъ аз ҳарими хонадони Паёмбари Акрам (с), пешгирӣ аз иқдомоти террористӣ дар дохили Эрон, таъмини амнияти зоирон дар Ироқу Сурия, кумак ба мардуми Ироқу Сурия бо хости расмии онҳо, ҷилавгирӣ аз густариши тафаккури такфирии  ДИИШ, ҷилавгирӣ аз таъсиси ҳукумати хилофатии терруристи ДИИШ дар ғарби Осия.

Ба ҳамин хотир баъд аз дарёфти пайғоми кумак, Сипоҳи Қудси Эрон ҷиҳати муқобила бо ин гуруҳи террористӣ иқдомоти лозимро анҷом дод.

Масъулияти ин амалиёти муҳим бар уҳдаи шаҳид Қосим Сулаймонӣ гузошта шуд ва вай ҳам ибтидо бо давлати Ироқу Сурия ба гуфтугӯ нишаст ва парда аз ҳақоиқи пинҳону нақшаҳои бади душмани мутаҷовиз бардошт ва ангезаҳои лозим ҷиҳати муқобила бо гуруҳи такфириро дар онҳо ба вуҷуд овард, холисона ҷиҳати ҳамкориҳои лозим, эълони омодагӣ карда вориди майдон шуд ва ҷиҳати ғалабаву шикасти душмани мусаллаҳ, Меҳвари муқовиматро бо неруҳои монанди ҷумбиши Аннуҷабо ва Катоиби Ҳизбуллоҳ ва ҳамчунин Ҳашдушшаъбӣ (неруи мардумии Ироқ) ва гуруҳҳое ба монанди гуруҳи мардумии  Мудофеъони ҳарам аз Эрон ва гуруҳи Фотимиюн аз Афғонистон ва гуруҳи Зайнабиюн аз Покистонро ташкил ва аз тариқи тарҳрезӣ ва ҳидояти амалиёти размӣ, муҷоҳидона бо тамоми тавон дар муқобили ДИИШ истод ва ба мубориза пардохт ва бо вуҷуди ҳамалоти мукаррари Исроил ба пойгоҳҳои ҷабҳаи муқовимати Ҳизбуллоҳ дар Сурия ва ҳамлаи Амрико ба неруҳои Ҳашдушшаъбӣ дар Ироқ, тавонист ба хубӣ аз Меҳвари муқовимат дифоъ кунад ва ба пирӯзӣ бирасад.

Муҳимтарин далели пирӯзии ин шаҳиди бузурги Ислом истифода аз зарфиятҳои эътиқодӣ, идеологӣ ва сиёсии неруҳои шиа, суннӣ, алавӣ, масеҳӣ, араб, афғонистонӣ, эронӣ, покистонӣ, сурияӣ ва ироқӣ, дар муқобила бо ДИИШ ки намояндагии ҷараёни ибрӣ–арабӣ-ғарбиро ба уҳда доштанд будааст. Албата дар канори мудирият, Сулаймонӣ аз ахлоқи хуб ҳам бархӯрдор буд ва ҳамеша дар майдони ҷанг ҳозир ва бо ин шева Меҳвари муқовиматро ҳувияти фароқавмӣ ва фаромазҳабӣ дод. Аз ин рӯ тавонист баъд аз чандин сол мубориза бо ин гуруҳи мухарриб, дар паёме поёни ҳукумати ДИИШ аз тамомии манотиқи таҳти ишғоли худро эълон ва омили аслии нобудии ононро дар раҳбарии ҳакимонаи Оятуллоҳ Хоманаӣ, пойдории миллат, давлат, артиш ва неруҳои мардумии Ироқу Сурия ва муҷоҳидину шаҳидони Мудофеи ҳарам аз дигар кишварҳои исломӣ ва ҷабҳаи Муқовимат баён кард ва ин ваъдаи содиқе буд, ки ба вуқуъ пайваст.