Нақши шаҳид Сулаймонӣ дар субот ва амнияти Афғонистон

 Нақши шаҳид Сулаймонӣ дар субот ва амнияти Афғонистон

Шаҳид ҳоҷӣ Қосим Сулаймонӣ фарзанди Ҳасан мутаввали 20 исфанди 1335 ҳ.шамсӣ (11.03.1957) баъд аз пирӯзии инқилоби исломӣ дар соли 1357ҳ.шамсӣ ба сурати ифтихорӣ вориди Сипоҳи посдорон шуд ва дар ҳамлаи Саддом Ҳусейн, раисҷумҳури вақти Ироқ дар соли 1359 ҳ.шамсӣ ба Эрон фармондеҳии Сипоҳи Озарбоҷони Ғарбиро бар ӯҳда дошт ва дар соли 1360 ҳ. шамсӣ дар вазифаи фармондеҳии типи Сораллоҳ дар амалиёти мухталифе ширкат кард ва муваффақиятҳо ва пирӯзиҳои бешуморӣ касб намуд. Баъд аз шикасти нангини Саддом Ҳусейн ва поён ёфтани ҷанги Эрон ва Ироқ дар соли 1367 ҳ.шамсӣ ба Кирмон бозгашт ва дар соли 1379 ҳ.шамсӣ ба унвони дуввумин фармондеҳи неруи Қудс интихоб шуд ва дар муддатзамони масъулияташ тавонист фаъолияти меҳвари муқовиматро дар кишварҳои исломӣ тақвият ва густариш диҳад, ки намунаи боризи он ҳимояти ҳамаҷониба аз мусулмонони ҷабҳаи муқовимат дар Афғонистон, Фаластин, Лубнон, Ироқ, Сурия ва Яман ва… аст. Саранҷом пас аз умре муҷоҳидати мухлисона ва шуҷоъона дар майдонҳои мубориза бо шаётин ва ашрори олам, ба дасти шаққитарин оҳоди башар дар бомдоди рӯзи 03-01-2020 ба ҳамроҳи шаҳид Абумаҳди Муҳандис, ноибраиси Ҳашдушшаъбӣ ва дигар ҳамроҳон дар фурудгоҳи Бағдод ба шаҳодат расиданд.

Дар мавриди иртибот ва ҳамкории неруи Қудси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо мардуми Афғонистон метавон ба чанд маврид, ки нақши шаҳид Сулаймонӣ дар онҳо бисёр барҷаста буда ва баракатҳои фаровонеро барои миллати муҷоҳиди Афғонистон дар мубориза бо артиши сурхи Шӯравии собиқ ва гуруҳи Толибон ва дигар гуруҳакҳои терорристӣ ба ҳамроҳ доштааст ишора намуд.

Бо ҳамлаи хунини ИҶШС, ки беш аз як миллион кушта ва наздик ба панҷ миллион муҳоҷир ва овора бар ҷой гузошт, мардуми Афғонистон маҷбур шуданд, ки дар баробари онҳо қиём ва ҷиҳод кунанд ва дар ин миён ҶИЭ низ аз боби ухуввату бародарӣ ва фарҳанги муштарак ва… ҳамкориҳои густарда ва васеъ ба неруҳои ҷиҳодӣ намуд ва дар сангарҳои мухталиф дар шимол, ҷануб ва маркази Афғонистон, канори муҷоҳидон, чӣ шиа ва суннӣ истод ва ҳмиоят намуд.

Замоне, ки ҷанг дар Афғонистон бисёр шиддат гирифта буд ва рӯзона садҳо нафар ҷону молу анволашонро аз даст медоданд ва мусибатҳо рӯз ба рӯз бештар мешуд шаҳид Бурҳониддини Раббонӣ, раисҷумҳури вақти Афғонистон аз Эрон дархости кумак намуд ва шаҳид Сулаймонӣ дар нимаи дуввуми даҳаи ҳафтоди ҳ. шамсӣ ба кумаки давлати Исломии Афғонистон шитофт ва илова бар ҳамфикрӣ ва роҳнамоӣ, кумакҳои иқтисодӣ ва таслиҳотии фаровоне намуд ва дар канори ин ҳама хадамот ҷабҳаи муқовиматро сомондеҳӣ кард, ки натиҷа ва бароянди талошҳои мудаббиронаи вай, иттиҳоду инсиҷоми фармондеҳон ва чеҳраҳои муборизи афғонистонӣ ҳамчун шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд (ки дар рӯзи 9 сентиябри 2001 бар асари инфиҷори интиҳории ду тероррист, ки худро хабарнигор муаррифӣ карда буданд ба шаҳодат расид), Исмоилхон ва Муҳаққиқ ва… дар канори якдигар буд ва ҳамин масъала сабаб шуд, ки ба шакли ҳамоҳанг амал кунанд ва душманро шикаст диҳанд.

Шаҳид Сулаймонӣ ҳамчунин ба ҳимоят ва пуштибонӣ аз ҷибҳаи (эътилофи) шимол, ки нақши муҳим дар муборизаҳо дошт пардохту байни онҳо ва фармондеҳони ҷабҳаи муқовимат низ ҳамоҳангӣ иҷод намуд. Аз ин рӯ ба эътиқод ва бовари муҷоҳидони афғонистонӣ яке аз муҳимтарин такягоҳҳо ва омилҳои мувафақияти муҷоҳидони афғонистонӣ ҳамчун Аҳмадшоҳ Масъуд ва оқои Дӯстум, Исмоилхон, Муҳаққиқ ва … Эрон ва неруи сипоҳи Қудс ва ба хусус шаҳид Сулаймонӣ будааст ва бетардид агар шаҳид Сулаймонӣ ва неруҳои ӯ дар канори неруҳои муқовимат дар Афғонистон набуданд, Толибону Алқоида метавонистанд давлати Исломии Афғонистонро суқут диҳанд; аммо тафаккури стратегии шаҳид Сулаймонӣ, ки мавзӯоте мисли шиа ва суннӣ дар он ҷойгоҳе надошт, балки диди ишон дар сатҳи калони ҷомеаи исломӣ ва уммати мусулмон буд, тавонист дар баробари гуруҳҳои терорристӣ мисли ал-Қоида баъд аз шикасти Шӯравӣ беистад ва “Сипоҳи Муҳаммад(с)”-ро ки аз муҷоҳидоне, ки собиқаи ҷангу ҷиҳод дар баробари таҷовуз ва ишғолгарии Шӯравӣ доштанро шиносоӣ ва ангизаҳои лозимро иҷод ва онҳоро аз назари таҷҳизотӣ ва омӯзишӣ барои муқобила бо Толибон таъмин намояд.

Афзун бар онки шаҳид Сулаймонӣ байни неруҳои шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд ва Сипоҳи Муҳаммад(с) иттиҳоду инсиҷом барқарор кард; то битавонанд душмани муштаракро шикаст диҳанд. Дар ҳақиқат ин шаҳиди пурифтихори ҷаҳони Ислом, бо ҳимоят ва сомондеҳӣ аз гуруҳҳои муқовимат, ба ташкили як неруи мубориз ташкил шуда аз муҷоҳидони афғонистонӣ бо ҳадафи тақвияти ҷабҳаи муқовимат пардохт.

Толибон аз сӯи Покистон ва Арабистони Саудӣ ба шиддат таҷҳиз мешуданд тавонистанд бо ҳамла ба Кобул давлати устод Раббониро маҷбур ба ақибнишинӣ кунанд ва дар он замон, ки ҷони устод Раббонӣ ва фармондеҳи бузург Аҳмадшоҳ Масъуд дар хатари бисёр ҷиддӣ қарор дошт, чун бо тасаллути Толибон бар Кобул хатари эъдом ва куштани онҳо низ қатъӣ буд; вале бар асоси гувоҳии шоҳидон ва муҷоҳидони афғонистонӣ, шаҳид Сулаймонӣ дар канори онҳо истод ва бо пешниҳоди хориҷ шудани муҷоҳидон ва Аҳмадшоҳ Масъуд аз Кобул ва истиқрор дар Мазори Шариф аз ҷони онҳо муҳофизат кард ва ин ҳимоятҳо ва пуштибониҳои ҳамаҷониба пас аз ҳамлаи Амрико ба Афғонистон ва шикасти Толибон дар қолаби ҳимоят ба мардуми Афғонистон дар арсаҳои мухталиф аз сӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва сипоҳи Қудс идома пайдо кард.

Бинобар ин метавон натиҷа гирифт, ки шаҳид Сулаймонӣ фаротар аз марзҳои Эрон нақши калидӣ дар субот ва амнияти мантақа дошта ва ҳамвора дар кишварҳои исломӣ аз муҷоҳидон ва ҷабҳаи муқовимат ҳимоят ва пуштибонӣ карда ва бо ҳузури физикӣ ва фикрӣ ва ҳимоятҳои моддӣ ва маънавии худ бистари пирӯзиро барои онҳо ҳамвор сохтааст ва ҳамин масъала низ сабаби душмании истикбори ҷаҳонӣ ва саҳюнизми байналмилалӣ ва бархе аз кишварҳои фиребхӯрдаи минтақаӣ бо вай гардид, то инки душман ба гумони ботили хеш фикр кард бо шаҳодати вай метавонад роҳу равиш ва мактаби вайро аз байн бубарад, аз ин рӯ иқдом ба терори ноҷавонмардона ва ғайри инсонии вай кард, аммо баъд аз шаҳодати вай хуруши азими мусулмонон ва иттиҳоди ҳарчи бештар ва мусаммамтар шудани ҷабҳаи муқовимат, коми қотилонаш талх гардид ва мутмаинан ин талхӣ то решакании онҳо идома хоҳад дошт.