Нигаронам Путин роҳе барои раҳоӣ аз ҷанг наёбад

 Нигаронам Путин роҳе барои раҳоӣ аз ҷанг наёбад

Президенти Амрико имрӯз (сешанбе) эълон кард, нигарони ин аст, ки Владимир Путин, ҳамтои руси вай натавонад роҳе барои хуруҷ аз ҷанг дар Украина пайдо кунад.

Ҷо Байден, президенти Амрико гуфт: “Путин бисёр муҳтот аст ва ман нигарон ҳастам, ки ӯ натавонад роҳе барои раҳоӣ аз ҷанги худ бо Украина биёбад.”

Вай афзуд: “Путин фикр мекард, ки метавонад НАТО ва Иттиҳодияи Аврупоро мунҳал кунад.”

Байден гуфт, ки дар талош аст то фаҳмад дар ин маврид чӣ коре анҷом диҳад.

Ин изҳорот пас аз он эрод шуд, ки рӯзи душанбе, раисҷумҳури Амрико қонунеро имзо кард, ки иҷозаи интиқоли сареъи кумакҳои низомӣ ва таслеҳот ба Украина ва Аврупои Шарқиро медиҳад.

Байден дар як баёнияи матбуотӣ дар Кохи сифед гуфт: “ман қонуни тасреъ дар ирсоли таслеҳот ба Украинаро имзо мекунам зеро муҳим аст.”

Вай афзуд, ки ҳадаф аз ин қонун “кумак ба украиниҳо барои ҷангидан ва дифоъ аз кишварашон аст.”

Байден илова кард, ки Иёлоти Муттаҳида миллиардҳо доллар барои ҳимоят аз Украина ҳазина кардааст, аммо таъкид кард, ки “таслим шудан дар баробари ҳамлаи Русия барои ӯ ҳазинаи бештаре дорад”.

Панҷшанбеи гузашта, маҷлиси намояндагони Амрико бо аксарияти қотеъ, қонунеро тасвиб кард, ки ба Украина иҷоза медиҳад барои муқобила бо ташдиди танишҳои низомии Русия, таҷҳизоти низомиро ба суръат ба сурати қарз таъмин кунад.

Бар асоси ин қонун, раисҷумҳур метавонад ҳангоме, ки онро ба нафъи дифои миллӣ медонад ба ҳар давлате, ки нақши онро барои дифоъ аз Иёлоти Муттаҳида ҳаётӣ медонад силоҳ бифурӯшад, интиқол диҳад, мубодила кунад, иҷора диҳад, қарз диҳад ё ба ҳар наҳви дайгаре вогузор кунад.