Нигарониҳо аз афзоиши хушунатҳои ношӣ аз ҳамли силлоҳ дар Канада

 Нигарониҳо аз афзоиши хушунатҳои ношӣ аз ҳамли силлоҳ дар Канада

Бо шиддат гирифтани хушунатҳои ношиӣ аз ҳамли силлоҳ дар Амрико нигаронии кишварҳои ҳамсояи Амрико афзоиш ёфтааст ба тавре, ки дар тозатарин иқдом, давлати Канада лоиҳаеро ироа кардааст, ки бар асоси он харид ва фурӯши аслиҳа мутавақиф ва фурӯши бозичаҳои мушобеҳи аслиҳа мамнӯъ мешавад.

Ин лоиҳа қарор аст бо ҳадафи тавофуқи саросарии харид ва фурӯши туфангҳои дастӣ ба унвони бахше аз тарҳи кантроли моликияти аслиҳа ва ҳамчунин мамнӯъ шудани фурӯши бархе бозичаҳои шабеҳ ба аслиҳа иҷроӣ шавад.

Дар ҳамин ҳол Ҷостин Трюдо нахуствазири Канада эълом кард, ки ин тадобири ҷадид бо таваҷҷӯҳ ба ин, ки хушунатҳои ношӣ аз истифода аз аслиҳа дар ҳоли афзоиш аст, амри лозим ба шумор меравад.

Ин лоиҳаи ҷадид дар ҳоле аз сӯйи давлати Канада ироа шудааст, ки чанд рӯз қабл дар пайи таҳдиди тирандозӣ чандин мактаб дар Канада қарантина ва таътил шудаанд.

Давлати Канада чанд ҳафта қабл низ шароити хариди қонунии силлоҳро сахтар кард. Бар асоси муқаророти ҷадид ширкатҳо аз ҷумла бояд мавҷудии анбор ва фурӯши силлоҳҳои гарми худро сабт кунанд.

Густариши беравияи хушунатҳо дар кишварҳои ғарбӣ ба вижа Амрико сабаб шуда то амалан бисёре аз шаҳрвандони ин кишвар ба вижа кӯдакон ва донишомӯзони мактаб, дар маърази хатар қарор гиранд ва ин мавзӯъ кишварҳои ҳамсояи Амрико ба вижа Канадаро низ нигарон кардааст.

Бар асоси таҳқиқи афкори умумӣ, ки тавассути идораи амнияти умумии Канада анҷом гирифтааст 47 дарсад аз мардуми Канада бар ин боваранд , ки хушунат бо аслиҳа барои ҷомеъаи онҳо таҳдид маҳсуб мешавад.

Ҳамчунин назар санҷии Созмони Leder and Association for Canadian Studies дар соли 2021 нишон медиҳад, ки ҳудуди 66 дарсад аз канадаиҳо мухолифи қонуни бидуни аслиҳа, 10 дарсад мувофиқи қавонин мунъатифтар ва 19 дарсад ҳам тарафдори қонуни будани аслиҳа ҳастанд.

Нахустин вазири Канада дар ин замина эътироф кард: Фақат лозим аст ба марзӣ ҷанубимон нигоҳ биандозем то дарк кунем, ки агар бо қотеъият ва сариъ иқдом накунем, увзоъ бадтар ва бадтар мешавад, ки муқобила бо он низ сахтар хоҳад шуд.

Иқдоми Канада дар ҳоле аст, ки ҳафтаи гузашта дар пайи ҳодисаи тирандозӣ дар дабистоне дар Иёлоти Техас 21 нафар кӯшта ва маҷрӯҳ шуданд, ки 19 нафари онҳо кӯдак ва донишомӯз ва ду нафар муаллим буданд.

Ин ҳодиса, ки чандумин мавриди тирандозӣ тайи чанд моҳи ахир дар мактабҳои Амрико аст, сабаб шуда то ҳазорон амрикоӣ зимни эътироз ба шароит мавҷӯд муқобили маҳали баргузори канвонсиюни Анҷумани миллии силлоҳи Амрико тазоҳурот барпо кунанд. Муътаризон ба ҳамли беқоидаи силлоҳ дар Иёлоти Муттаҳида шиорҳое алайҳи лобиҳои силлоҳ дар Амрико сар доданд ва хостори кантроли ҳамли силлоҳ дар ин кишвар шуданд.

Сенатор Крис Мерфи узви демакрати Санои Амрико дар ин замина гуфт: Дар Амрико хариди силлоҳ осонтар аз хариди як ҳайвони хонагӣ аст.

Ба асоси нактоиҷи муҳақиқон мактаби омӯзиши ва тавсиаи инсонӣ (Мактаби Линҷ) Колеҷи Бостун аз соли 2002 то соли 2019 ҳамли аслиҳаи дасти дар байни амрикоиҳои 12 то 18 сол, 41 дарсад афзоиш ёфтааст. Мавзӯъе, ки нигарониҳоро ҳатто дар миёни мақомоти амрикоӣ афзоиш додааст. Бо ин ҳол амрикоиҳо амалан ҳозир нестанд қавонини ҳамли силлоҳро тағир дода ё тамҳидоте барои муқобила бо он ба иҷро бигузоранд. Чунон, ки додгоҳи Федерал Естинофи Амрико вазъи қонуни дар Калифорния, ки нозир бар мамнуъияти дастрасии афроди камтар аз 21 сол ба силлоҳҳои нима худкор буд бар хилофи қонуни асосии Амрико донист ва ҳукм дод ҳамаи афроди болоғ дар ин кишвар бояд ҳаққи дастарасӣ ба силлоҳҳои нима худкорро дошта бошанд.

Акнун бо афзоиши доираи хушунатҳои ношӣ аз ҳамл ва ба коргирии силлоҳи гарм дар Амрико, нигарониҳои умумӣ дар дигар кишварҳои ҳамсояи Амрико низ афзоиш ёфтааст ва онҳо дар талош ҳастанд қавонини пешгирона дар ин замина вазъ кунанд. Ин дар ҳоле аст,ки ба назар мерасад бо таваҷҷӯҳ ба фарҳанги ҳоким ва афзоиши норизоятиҳои иҷтимоъӣ ва фарҳангӣ чунин иқдомоте муассир воқеъ шавад.