Нигоҳи расонаҳои ғарбӣ ба ташдиди нигаронии мардуми Туркия аз бӯҳрони иқтисодӣ

 Нигоҳи расонаҳои ғарбӣ ба ташдиди нигаронии мардуми Туркия аз бӯҳрони иқтисодӣ

Бо шикасти сиёсатҳои иқтисодӣ ва пулии давлати Раҷат Тайиб Эрдуғон ва худдории шахси раисиҷумҳурии Туркия барои боло бурдани нархи баҳраи бонкҳо, нархи таварум дар ин кишвар ба болотарин рақам дар ду даҳҳаи гузашта расидааст.

Дар ин замина, рӯзномаи инглисии Гордиян бо интишори гузорише аз бӯҳрони иқтисодии давлат ва мардуми Туркия навишт: Увзоъи иқтисодии Туркия вахим буда ва Анкара бӯҳрони бесобиқаи молиро дар ҳоли таҷрӯба мекунад, ки ҳамакнӯн нархи расмии таварум дар Туркия 61\14 дарсад аст.

Дар гузориши рӯзномаи Гордиян аз авазоъи вахими иқтисодӣ дар Туркия омадааст: Воҳиди пули миллии Туркия (лир) ниме аз арзиши худро фақат дар соли гузаштаи мелодӣ аз даст додааст. Ҳамин амр, боиси афзоиши қиматҳо ва нигаронии мардум аз таваруми шадид дар Туркия шудааст.

Ба гузориш рӯзномаи Гордиян, нархи таваруми бесобиқае дар Туркия бо иҷрои хостаҳои давлати Эрдуғон аз ҷумла коҳиши нархи баҳраи бонкӣ дар иртибот аст. Илова барин , тағироти пай дар пайи мақомҳои баландпоя ва руасои Бонки Марказии ин кишвар сабаб шудааст, ки бар шароити бӯҳронии иқтисодии Туркия тишдид шавад.

Дар се соли гузашта, раисиҷумҳурии Туркия чаҳор бор руасои бонкҳои Марказиии Туркияро тағир додааст. Тағири руасои бонкҳои Марказии Туркия ба маънои он аст, ки шахс Эрдуғон ки бисёре аз сиёсатҳои пулӣ ва бонкии кишварро барномарези ва барои иҷро ба мақомҳои иқтисодӣ иблоғ мекунад, дар талош аст то масъулияти бурузи мушкилоти иқтисодии Туркияро ба ин даста аз мақомҳои туркӣ нисбат диҳад.

Шикасти сиёсатҳои иқтисодии давлати Эрдуғон ва нокомии барномаҳои пешниҳодии иқтисоддонон, мушкилоти мардуми Туркия ба манзури таъмини ниёзҳои рӯзона ва маишатии хонавода бештар аз ҳар замони дигаре ташдид кардааст.

Дар ҳамин иротибот Эринк Йелдан иқтисоддони донишгоҳи Истанбул гуфтааст: Дар Туркия, нархи таварум чаҳор то панҷ баробари соири кишварҳост ва ин ба иллати иштибоҳоти мукаррар дар сиёсатгузориҳои давлати Эрдуғон будааст.

Дар шароите, ки давлат ва мардуми туркия дар садади роҳкоре ба манзури бурӯн рафтан аз мушкилоти иқтисодии кишвар ҳастанд, гузориши рӯзномаи Гордиянро бояд ҳоизи аҳамияти зиёде қалам дод кард. Дар ҳақиқат бояд гуфт: Ин рӯзномаи инглисзабон, бо ташреҳи шароити мавҷӯд дар Туркия талош кардааст, раванди нокомиҳои сиёсатҳои иқтисодии давлати Раҷаб Тайиб Эрдуғонро ба беҳтарин шакл тарсим кунад. Ин дар ҳоле аст, ки рӯзномаи Гордиян, ба нақши манфии бархе давлатҳои ғарбӣ ба вижа Амрико ва Инглис дар дар иқтисоди Туркия ишора накардааст. дар ин шароите, ки давлати Эрдуғон сиёсати хориҷа ва манофеъи Туркияро аз давлатҳои ғарбӣ ба раҳбарии Амрико ҷудо карда буд, ин даста аз давлатҳо талош кардаанд аз нуқта заъфи Туркия дар ҷиҳати зарба задан ба иқтисодӣ ин кишвар ва пешбурди аҳдофи худ истифода кунанд.

Дар тӯли солҳои тӯлонии нуфузи Амрико ва мутаҳҳидони ғарибиаш дар Туркия, ҷосусони ғарбӣ ба нуқоти заъфи ин кишвар пай бурдаанд.

Иқдисод муҳимтарин нуқта заъфи Туркия аз нигоҳи давлатҳои ғарбӣ аст ва ба ҳамини ҷиҳат ҳаргоҳ мушкиле дар равобити ду тарафа эҷод шавад, сиёсатмадорони ғарбӣ аз ин нуқта заъф дар ҷиҳати зарба задан ба давлатҳои турк баҳрабардорӣ мекунанд.

Дар як ҷамъбандии кулли аз гузориши ахирии рӯзномаи Гордиян бояд гуфт: Бурузи бӯҳрони иқтисодӣ ва пулии Туркия шароити муносибе барои таъмини маишати мардуми ин кишвар фароҳам кардааст.

Бо мурур бар ин воқеъият, ки ташхиси дурӯст ё ғалати расонаҳои ғарбӣ барои бурузи бӯҳрони иқтисодии Туркия аҳамияти чандоне надорад. Аммо ин мавзӯъ аз аҳамияти зиёде бархурдор аст, ки нархи таварум дар Туркия аз 60 дарсад низ фаротар рафтааст ва ин амр, таъмини ниёзҳои маишатии мардуми Туркияро бо бӯҳрони шадидтаре мувоҷеҳ кардааст. Дар ин шароит, ёфтани муқасири бурузи бӯҳрони иқтисодии феълии Туркия кори сахте нест. Даҳҳо ҳазор тан аз нерӯҳои низомии Туркия дар Сурия ва Ироқ дар паи шибҳи низомиёни ҳизби Коргарони Курдистони Туркия (П К К) ҳастанд то бо нобудии комили онҳо оромиш ба Туркия боз гардад.

Бадеҳи аст ки лашкаркашиҳои давлати Туркия ба ду кишвари ҳамсоя ҳазинаҳои ҳангуфтеро ба мардуми ин кишвар таҳмил кардааст. Давлати Эрдуғон низ тавоноии таъмини ниёзҳои ин лашкаркашии низомиро надорад. Дар айни ҳол ҳузури низҳомиён дар дарёи Мадинатарона ва баргузории размоишҳои пай дар пай дар муқобили Юнон ҷазираи Қибрис ва ҳатто Қафқози ҷанубӣ, аз ин тавони молӣ ва иқтисодии давлати туркия хориҷ аст. Ба ин ҳазинаҳо бояд ҳазинаҳои ҳузури низомӣ дар Либияро низ изофа кард, ки ҳамаи инҳо сабаб шудааст вазъияти номатлуби иқтисодии бесобиқае бар мардуми Туркия таҳмил шавад.