Низомиёни баландпояи Амрико дар миёни қурбониёни ҳамлаи Ҳашдушшаъбӣ

 Низомиёни баландпояи Амрико дар миёни қурбониёни ҳамлаи Ҳашдушшаъбӣ

Теъдоде аз ҳамалот байни неруҳои амрикоӣ дар Ироқ ва ниманизомиёни мустақили ироқӣ сабаби кушта шудани чанд мақоми баландпояи низомии Амрико ва Исроил шуд.

Неруҳои Ҳашдушшаъбии Ироқ (PMF) ҳафтаи гузашта теъдоде аз ҳамалотро алайҳи аҳдофи амрикоӣ анҷом доданд. Дар ҷараёни ин ҳамла дар 27-уми июн, се мушак ба маркази фармондиҳии Амрико дар пойгоҳи Амрико дар Арбил бархурд кард. Ба гуфта мақоми низомии баландпояи Амрико, Ҷеймс Ҳардел, чаҳор нафар аз ҷумла ду низомии баландпоя, осеб диданд. Подполковник Ҷеймс C. Уиллис аз артиши Амрико ва полковник Шарон Осмон аз артиши Исроил аз ҷумла маҷрӯҳон буданд. Афроди захмӣ фавран ба бемористони пойгоҳи ҳавоии Ал-адидаи Амрико дар Қатар мунтақил шуданд. Як рӯзи баъд, фақат як нафар зинда монда ва се нафари дигар ҷони худро аз даст доданд. Тибқи гузоришҳо ҷасади қурбониён сипас ба пойтахтҳои кишварҳояшон фиристода шуд.

Дар аввали июл маросими дафни подполковник Ҷеймс С.Уиллис дар зодгоҳаш, Ню-Мексикои Амрико баргузор шуд. Ба гузориши EverLoved, ин мақоми баландпояи амрикоӣ дар гуристони миллии Сонтофа, ки махсуси сарбозони амрикоӣ аст дафн шуд. Аммо эъломи умумии маросими дафни ҷанозаи вай дар шароите иттифоқ афтод, ки сабабҳои табиӣ (ғайри низомӣ) барои марги вай зикр шудааст. Дар ҳамон рӯз, полковник Шарон Осмон аз артиши Исроил, дар қабристони Юно дар зодгоҳаш дафн шуд.

Марги мақомоти баландпояи низомии Амрико дар Ховаримиёна бесобиқа нест. Дар соли 2014, Марги генерал Ҳаролд Грин дар Афғонистон хабарсоз шуд. Як сарбози афғон вақте Грин аз як маркази таълимӣ боздид мекард, вайро кушт. Чунин ҳодисаҳо дар даҳаҳои ахир такроран рух додааст. Бо ин ҳол ҷадидтарин маврид аз бисёре ҷиҳот қобили тавваҷӯҳ аст ва ба ҳамин сабабҳо онро маҳрамона мекунад ва дар расонаҳо инъикос наёфтааст.

Посухи шадид

Ҳамлаи паҳбодҳо ба пойгоҳи амрикоӣ дар Арбил посухе ба ҳамлаи дигаре буд, ки неруҳои амрикоӣ се рӯз қабл аз он анҷом доданд. Дар ҳоле, ки PMF аз изҳори назар дар ин маврид худдорӣ мекунад, нозирон муътақиданд, ки амалиёти низомии Иёлоти Муттаҳида дар марзҳои Ироқ ва Сурия сабаби иҷрои ин ҳамла тавассути PMF шудааст.

Марги ду мақоми баландпояи артиш барои ҳузури низомии Иёлоти Муттаҳида дар Ховаримиёна зарбаи сахте буд. Расонаҳои амрикоӣ ахбори марбут ба хисоротро пӯшиш надоданд. Бо тавваҷӯҳ ба норизоятии мардум аз ҳузури низомии онҳо дар минтақа, ин ҳодиса мумкин аст вокунишҳои шадид ва норизоятии умумиро дар дохили Амрико ва Исроил эҷод кунад.

Корзорҳои расонаии давлати Иёлоти Муттаҳида ҳатто дар иртибот бо марги подполковник Ҷеймс С.Уиллис ба масоили марбут ба саломатии шахсӣ фаротар рафт. Гузоришҳои таъйид нашуда нишон медиҳад, ки президент, Байден шахсан хостори табақабандии иттилооти амалиёти PMF ва марги полковники баландпояи амрикоӣ шудааст.

Давлат ҳамчунин аъзои конгресси Амрикоро дар мавриди натиҷаи амалиёти Амрико дар Ироқ ва Сурия беитилоъ нигоҳ дошт. Сатҳи табақабандии иттилоотии ахбори ин ҳамалот нишондиҳандаи ҳассосияти мавзӯъ барои амнияти миллӣ ва сиёсати Иёлоти Муттаҳида дар Ховаримиёна аст.

Даргирӣ ва муқобилаи амрикоиҳо бо ниманизомиёни ироқӣ дар ҳоле рух медиҳад, ки Иёлоти Муттаҳида таҳти фишори шадид барои хуруҷи неруҳо аз минтақа қарор дорад. Дар дохили кишвар, ҳазинаҳои чанд ҳазор миллиард долларии ҷанги ду даҳаи ахир дар Ховаримиёна мардумро хаста кардааст. Илова бар ин, норизоятӣ аз афзоиши теъдоди қурбониёни Иёлоти Муттаҳида дар ин ҷанг, ба дунболи ташдиди ҳамалот алайҳи неруҳои амрикоӣ, афзоиш ёфтааст.

Дар суи дигар, мардуми сокини кишварҳои ишғолӣ низ ба ҳузури Амрико дар Ироқ ва Сурия эътироз карданд. Дархости онҳо барои ақибнишинии фаврии неруҳо бо тасвиби қонунҳо дар порлумонҳои ин кишварҳо ҳамроҳ будааст, ки неруҳои амрикоиро маҷбур ба тарки ин кишварҳо хоҳад кард. Сиёсати тавсияҳои Байден дар Ироқ ва Сурия дар шаш моҳи гузашта шароити неруҳои низомиро бадтар кард. Марги як полковники баландпоя мумкин аст сабаби танишҳои бештаре шавад.