Нишасти амниятӣ бо мавзӯи Афғонистон дар Душанбе

 Нишасти амниятӣ бо мавзӯи Афғонистон дар Душанбе

Даври 4-уми Муколамаи амнияти минтақавӣ оид ба Афғонистон ба мизбонии Душанбе дар ҳоли баргузорӣ аст.

Юа нақал аз Авесто, даври 4-уми Муколамаи амнияти минтақавӣ оид ба Афғонистон ба мизбонии Душанбе дар ҳоли баргузорӣ аст.

Бар асоси гузориши манобеи хабарӣ, имрӯз, 27 май таҳти раёсати Тоҷикистон, ҷаласаи мушовирони амнияти миллӣ ва котибони шӯроҳои амниятӣ дар Душанбе даври 4-уми Муколамаи амнияти минтақавӣ оид ба Афғонистон дар ҳоли баргузорӣ аст.

Дар ҷаласа Насрулло Маҳмудзода, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон, Аҷиту Довал, мушовири амнияти миллии нахуствазири Ҳинд, Алӣ Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон, Асет Исекешев, ёвари раисиҷумҳуи Қазоқистон, Ченг Гопин, намояндаи вижаи Вазорати умури хориҷии Чин, Марат Имонқулов, раиси Шӯрои амнияти Қирғизистон, Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия ва Виктор Маҳмудов, дабири Шӯрои амнияти назди президенти Узбакистон ҳузур доранд.

Ширкаткунандагони нишаст вазъи Афғонистон, таҳдиду хатарҳо барои кишварҳои минтақа аз қаламрави Афғонистонро баррасӣ мекунанд.

Дирӯз дар Душанбе мулоқоти кории Насрулло Маҳмудзода бо ҳамтои худ Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия баргузор шуд. Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами амният табодули афкор намуда, динамикаи рушди муносибатҳои Русияву Тоҷикистонро қайд намуда, ҳавасмандии худро ба таҳкими муносибатҳои иттифоқӣ тасдиқ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки даври 3-юми Муколамаи минтақавӣ оид ба амнияти Афғонистон 10 ноябри соли 2021 дар Деҳлии Нав, пойтахти Ҳиндустон баргузор шуд.

Қайд карда мешавад, ки вазъияти Афғонистон пас аз қудратёбии Толибон дар ин кишвар меҳвари бисёре аз нишастҳои байналмилалӣ будааст.