Омодагии Кореяи Ҷанубӣ барои ҷалби муҳоҷирони кории тоҷик

 Омодагии Кореяи Ҷанубӣ барои ҷалби муҳоҷирони кории тоҷик

Кореяи ҷанубӣ омодагии худро барои ҷалби муҳоҷирони кории тоҷик барои машғалаҳои фаслии кишоварзӣ эълом кард.

Вазири шуғл ва кори Кореяи Ҷанубӣ омодаги кишварашро барои ташдиди равобити дуҷониба дар замина иштиғол, мушорикати шаҳрвандон ва муҳоҷирони кории тоҷик дар машғалаҳои фаслии кишоварзӣ ва ҷазби неруи корӣ аз кишвар эълом кард.

Бар асоси гузориши Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 5 то 11 апрел ҳайате таҳти сарпарастии Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барқарории равобит бо тарафи Корея ҷиҳати ҷазби неруи корӣ аз ин кишвар барои машӯалаҳои фаслӣ дар Кореяи Ҷанубӣ ба Сеул сафар кард.

Амонзода дар чорчуби ин сафар бо муовини нахуствазир, вазири ҳамоҳангкунандаи сиёсати давлатӣ, вазири шуғл ва кор, раиси гурӯҳи дӯстии байнипарлумони Тоҷикистон ва Корея, раиси кумитаи ҳамкории иқтисодӣ вобаста ба раёсатҷумҳурии Корея, раиси дафтари ҳамоҳангкунандаи сиёсати давлатӣ, шаҳрдори Сонгҷу, раиси шӯрои маҷмаъи устони Ҷоло Пукту ва раиси ширкати Лиёнг Аупу Курп музокирот анҷом дод.

Дар ҷараёни ин музокирот вазъияти кунунии равобити ду кишвар ва ҳамкории бештар барои сафари ҷамъи неруи муҳоҷирони кории тоҷик барои шуғлҳои фаслӣ ба Корея дар заминаҳои санъатӣ, кишоварзӣ ва дигар арсаҳо мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Он Киёнг Дук, вазири шуғл ва кори Корея дар суханоне зимни арзёбии мусбат аз тавсеаи равобити ҳамаҷониба бо Тоҷикистон тайи солҳои ахир омодагии худро барои ташдиди равобити дуҷониба дар заминаи шуғл ва иртиқои он ба як сатҳи ҷадид иброз кард.

Тайи ин дидор дар мавриди густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Корея дар заминаҳои марбута тавофуқ ҳосил ва мувофиқатнома ба имзо расид.

Шаҳрдори Сонгҷу дар дидор бо вазири тоҷик хотирнишон кард, ки шаҳри Сонгҷу омодаи пазироӣ аз шаҳрвандони Тоҷикистон ва муҳоҷирони кории тоҷик барои машғалаҳои кишоварзии фаслӣ аст.

Ду тараф тавофуқномаи ҳамкории байнишаҳрии Сонгҷу ва муассисаи давлатии “марокизи мушовира ва омӯзишии пеш аз муҳоҷиратӣ” дар заминаи ҷалби неруҳои корӣ ба имзо расонданд.

Дар поёни дидор Амонзода ва раиси Шӯрои маҷмаъи устони Чоло Пукту ба фурсатҳои мавҷуди истифоданашудаи ҳамкорӣ байни ду кишвар ишора карда ва тафоҳумнома барои ҷалби неруи кории фаслӣ имзо шуд, ки тибқи қонун барои тасвиб ба парлумони Корея ирсол мешавад.