Омори талафоти муноқишаи марзии Озарбойҷон ва Арманистон

 Омори талафоти муноқишаи марзии Озарбойҷон ва Арманистон

Мақомоти ду кишвари даргир, Озарбойҷон ва Арманистон омори талафоти муноқишаи рӯзи гузаштаро эълон карданд.

Рӯзи гузашта дар пайи ҳамлаи ягонҳои мусаллаҳи Боку ба шарқи Ереван муноқишаи шадиде байни Озарбойҷон ва Арманистон шакл гирифт, ки теъдоде кушта ва захмӣ бар ҷой гузошт.

Ба гузориши Вазорати Арманистон, ин кишвар дар ин даргирӣ як кушта ва 13 захмӣ талафот додааст.

Арманистон ҳамчунин эълон кард, ки беш аз 70 сарбози душман (Озарбойҷон)-ро куштаву захмӣ карда ва ба теъдоде аз таҷҳизоти низомии Боку зарар задааст.

Вазорати Арманистон ҳамчунин аз қатъи иртибот бо 24 нафар аз аъзои неруҳои мусаллаҳи ин кишвар ва бедарак шунадани онҳо хабар дод.

Пештар бархе расонаҳо аз кушта шудани 15 неруи Арманистон дар ин даргириҳо хабар дода буданд.

Ин дар ҳоле аст, ки Вазорати Озарбойҷон омори Арманистонро такзиб карда эълон кард, ки 7 низомии Боку дар ин даигирӣ кушта ва 10 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Тибқи гузориши Вазорати Арманистон дар ҳоли ҳозир вазъият дар марз бо миёнҷигарии Русия ба ҳолати оташбас дар омадааст.

Русия эълон кард, ки дар пайи даргириҳои ахир байни ин ду кишвар, Владимир Путин бо сарвазири Арманистон дар бораи вазъияти марзӣ гуфтугӯ кардааст.

Ҳамчунин Созмони Милали Муттаҳид ҳам ба Боку ва Ереван тавсия кардааст, ки аз ташдиди таниш дар минтақа худдорӣ кунанд.

Шиддат гирифтани дубораи муноқишаҳо байни Озарбойҷон ва Арманистон дар шароите анҷом шудааст, ки ин ду кишвар соли гузашта бар сари ҷанг барои минтақаи Қарабоғикӯҳӣ созишнома ва оташбас имзо карда буданд.

Ҷанги соли гузашта 9 ноябри соли 2020 бо имзои созишномаи оташбас аз ҷониби сарвазири Арманистон, Никол Пашинян, раисиҷумҳури Озарбойҷон, Илҳом Алиев ва Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ба поён расид, аммо танишҳо дар бораи аломатгузории марз ва иддаоҳо дар бораи долонҳо тиҷорӣ идома дорад.