Он сӯйи амалиёти низомии Туркия дар шимоли Ироқ

 Он сӯйи амалиёти низомии Туркия дар шимоли Ироқ

Хулуси Акар вазири дифоъи Туркия бо баёни ин,ки Ироқ кишвар дӯст, ҳамсоя ва бародари мост ва мо ба марзҳои Ироқ,ҳокимияти милли, истиқлол ва тамомияти арзии ин кишвар бисёр эҳтиром мегузорем, амалиёти ҷории Панҷа килид дар шимолӣ Ироқро мувафақиятомез хонд ва гуфт дар ҷараёни ин амалиёт 73 нафар аз нерӯҳои П.К.К кушта, 102 махфигоҳ ва 524 бомби дастсоз тахриб шудааст.

Ин изҳорот дар посӯх ба интиқодҳои тарафҳои ироқӣ ба хусӯс дар миёни бархе аз фраксиюни муҳими парлумони аст, ки муътақиданд Туркия аҳдофе ба маротиб фаротар аз муқобила бо таҳдиди нерӯҳои П.К.К дар Ироқ дунбол мекунад ва аз тӯлони шудани ташкимли давлати ҷадид ба унвони фурсати муҳим дар ин замина баҳра мегирад. Аз ин назар маҳофили Туркия аз ҳимоятҳои давлати Эрбил бархурдор аст зимини ин ки сукути давлати Козимӣ низ роҳро барои пешбӯрди сиёсатҳои Туркия бозгузоштааст.

То пеш аз ин, Туркия тибқи тавофуқ бо давлати марказии Ироқ ки аз замони режими Саддом побарҷост метавонист барои таъқиби нерӯҳои П.К.К то умқи ҳудӯди 20 киламетрии Ироқ нуфӯз кунад ва билофосила баъд аз иҷрои амалиёт, ба пушти марзҳоии расми бозгарданд аммо Туркия ин маҳдӯдаро тақрибан то се баробари тавофуқи қабли афзоиш дода ва дар иҷрои амалиёти Панҷаи калиди то умқи 60 килламетри ҳам пеш рафтааст. Афзӯн бар ин, дигар мисли собиқ аз бозгашт ба пушти марзҳои расмӣ хабаре нест ва Туркия маъмулан баъд аз иҷрои ҳар амалиёте бо эҳдоси пойгоҳ бахше аз нерӯҳои низомии худро дар хоки Ироқ нигаҳ медорад.

Дар ҳоли ҳозир ҳудӯди манотиқи ишғол шуда тавассути нерӯҳои Туркия ҳудӯди 250 килламетр мурабаъ тахмин зада мешавад. Ин равия аз замони зуҳӯри ДИИШ боб шуд аммо баъд аз суқути давлати худхондаи ДИИШ дар Мусел камокон идома ёфтааст.

Манотиқе, ки Туркия барои иҷрои амалиёти низомӣ ва эҳдоси пойгоҳ интихоб кардааст ҷузъӣ манотиқе аст, ки имкон дорад аз онҳо барои интиқоли газ дар шимолӣ Ироқ ба Аврупо аз хоки Туркия истифода шавад. Аксари минтақаи мавриди ҳадафи Туркия дар Ироқ ва Сурия, майдонҳои нафтӣ ва газӣ ё манотиқи иртиботи роҳбурдӣ дар нақшаи роҳҳои тиҷории ҷаҳон аст.

Ба назар мерасад яке аз ҳадофи муҳими ин ҳамалот, муқобила бо пружаи байналмиллалии Чин (роҳи абрешими ҷаддид бо як камарбандӣ ва ҷодда) бошад, зеро Туркия тасмим дорад иқтисоди Ироқ ва манобеъи энергии он (нафт ва газӣ устонҳои Найнаво ва Каркук)-ро кантрол ва масири интиқоли энергӣ ҷойгузинии газӣ Русия ба Аврупо ва Исроилро таъмин кунад. ба ҳамин далел Масрӯр Боризонӣ дар Лондон таъкид кард, ки омодагии таъмини гази Аврупо ба ҷои Русияро дорад ҳамчунин Масрӯр Боризонӣ дар Лондон аз тарҳи Конфедроли сухан гуфт, ки навъи ҷудоӣ аст, лизо коршиносони сиёсӣ муътақиданд ишғолӣ Ироқ тавассути Туркия бо ҳимояти ҳизби демократии Курдистони Ироқ (порти) ба маънои таъсиси як ҳукумати нафтии курдӣ зери сояи Туркия аст то иқлими Курдистон то ҳудӯде аз давлати марказӣ раҳо ва аз тариқи Туркия ба Аврупо ва Исроил васл шавад.

Пас аз ҳукми додгоҳи федероли Ироқ дар мавриди мамнуъияти тиҷории нафт ва газ тавассути иқлими Курдистон, Эрбил барои муқобила бо давлати марказии Ироқ роҳе ба ҷуз тавофуқ бо Туркия ва Аврупо ва Амрико надошт. Бар ин асос гуфта мешавад Туркия манотиқи таҳти нуфӯзи худро ба самти Синҷор тавсия хоҳад дод то масири иқтисоди ҷаҳонӣ (камарбандӣ ва роҳ) -ро қатъ ва онро ба Эрбил ва хоки Туркия мунтақил кунад. Ба хусӯс пас аз тавофуқномае, ки тавассути Алкозимӣ ва Эрдуғон имзо шуд ва тибқи он муқарар шуд, ки Синҷор тавассути Эрбил идора шавад.

Аз ин дид Туркия бо ҳамроҳии давлати Масъуд Боризонӣ дар канори Амрико барои муқобила бо абарпружаи Чин мавсум ба як ҷодда ва як камарбандӣ қарор гирифт ва ин дар ҳоле аст давлати вақти Ироқ дар замони Одили Абдулмаҳди тасмим гирифт бахше аз ин тарҳ бошад то битавонат аз мазиятҳои он дар ҷиҳати бозсозии ин кишвар истифода кунад. Аммо бо кудатои хазандае, ки Амрико алайҳи давлати Одил Абдулмаҳди сурат гирифт қарордодҳои 400 миллиард долларии Ироқ бо Чин муъалақ монд ва Ироқ бо рӯйи кор омадани Мустафои Козимӣ дар канори Амрико қарор гирифт ва ҳамин амр заминаро барои иҷрои интиқоли газӣ шимоли Ироқ ба Аврупо аз тариқи хоки Туркия баъд аз ҷанги Украина сурати амали ва ҷидди ба худ гирифтааст.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин маврид, нигаронии маҳофили парлумони Ироқ аз истемрори амалиёти низомии Туркия дар шимолӣ ин кишвар ҷидди ба назар мерасад ва Ироқ аз бунбасти сиёсии вуҷӯд ин имконро фароҳам мекунад, ки давлати баъдии Ироқ низ бо ҷиддият бо ин нигарониҳо ҳамроҳи кунад.