Оятуллоҳ Хоманаӣ: «Режими саҳюнистӣ аз нафас афтодааст»

 Оятуллоҳ Хоманаӣ: «Режими саҳюнистӣ аз нафас афтодааст»

Ҳузури мардум дар Рӯзи ҷаҳонии Қудс воқеан ҳамоса буд ва ин ҳаракати мардумӣ як кори бузургу бобаракат ва ҳузури мардум як ҳаракати сиёсӣ ва дифоъ аз Қудс аст.

Ҳузури мардум дар Рӯзи ҷаҳонии Қудс воқеан ҳамоса буд ва ин ҳаракати мардумӣ як кори бузургу бобаракатӣ аст ва ҳузури мардум як ҳаракати сиёсӣ ва дифоъ аз Қудс аст ва ин дифоъ аз Қудс коре кардааст, ки режими саҳюнистӣ аз нафас афтодааст.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ибтидои суханонаш а муносибати Рӯзи ҷаҳонии Қудс бо дуруд ба Имом Хумайнӣ, ки бунёнгузору асосгузори бунёни мубораки Рӯзи ҷаҳонии Қудс буд ва бо дуруду саломи фаровон ба миллати бузурги Эрон, ки имрӯз бо ҳузури пурангезаи худ дар майдону дар ҳама минтақаҳои кишвар ҳамосаи бузургу боазамат офариданд, афзуд: “ҳузури азим ва мубораки шумо дар майдони дифоъ воқеаи сиёсӣ ва мардумӣ аз қудс сабаби неру гирифтан ва афзоиши истиқомати касоне аст, ки бо ҷисму ҷони худ аз Қудс ва Масҷидулақсо дифоъ мекунанд ва ба умеди Худо муборизаи бузурги Фаластин ба натиҷаҳои ниҳоӣ ва муборак худ наздик хоҳад шуд”.

Раҳбари инқилоби ҶИЭ дар идома, бахше аз суханронии худро ба забони арабӣ баён намуд, ки ба ин шарҳ аст:

Салом бар ҳамаи бародарону хоҳарони мусулмон дар саросари ҷаҳон! Салом бар ҷавонони дунёи Ислом! Салом бар ҷавонони шуҷоъ ва ғайратманди фаластинӣ ва бар ҳамаи мардуми Фаластин. Бори дигар Рӯзи Қудс фаро расид. Қудси шариф ҳамаи мусулмонони ҷаҳонро ба худ даъват мекунад.

Ҳақиқат он аст, ки то режими ғосиб ва ҷинояткори саҳюнист бар Қудс мусаллат аст, ҳамаи рӯзҳои солро бояд Рӯзи Қудс донист. Қудси шариф, қалби Фаластин аст ва саросари кишвари ғасбшуда, аз баҳр то наҳр, идомаи Қудс аст. Миллати Фаластин ҳар рӯз беш аз гузашта нишон медиҳад, ки бо шаҳомати камназир дар баробари золим истода ва хоҳад истод. Ҷавонон бо амалиёти фидокоронаи худ, сипари дифои Фаластин шудаанд ва ояндаи мутафовитро мужда медиҳанд.

Рӯзи Қудси имсолро дар ҳоле мегузаронем, ки ҳама чиз аз муодилае ҷадид дар имрӯзу фардои Фаластин хабар медиҳад. Имрӯз “иродаи шикастнопазир” дар Фаластин ва ҳамаи минтақаи ғарби Осиё, ҷойгузини “артиши шикастнопазир”-и сҳиунист шудааст. Имрӯз он артиши ҷинояткор ночор шудааст ороиши таҳоҷумии худро ба дифоӣ табдил кунад.

Имрӯз дар майдони сиёсӣ, муҳимтарин ҳомии режими саҳюнистӣ ва ғосиб, яъне Амрико, худ дучори шикастҳои пай дар пай шудааст: шикаст дар ҷанги Афғонистон, шикаст дар сиёсати фишори ҳаддиаксарӣ бар Эрони исломӣ, шикаст дар баробари қудратҳои Осиё, шикаст дар контроли иқтисоди ҷаҳон, шикаст дар мудирияти дохилии худ ва падидаи мушкилоти решаӣ дар ҳокимияти амрикоӣ.

Режими ғосиб дар ҳар ду майдони сиёсӣ ва низомӣ, дар шабакаи дарҳамтанидае аз мушкилот дасту по мезанад; ҷаллод ва муҷрими қаблӣ, ки дар раъси режим буд, дар пай ҳамосаи сайфуқудс ба зуболадон пайваст, ва ҷонишинони имрӯз ӯ ҳам ҳар соат дар интизори теғи бурандаи ҳамосаи дигаранд.

Чунин таҳаррукҳо режими саҳюнистиро девона кардааст. Ин дар ҳоле аст, ки бист соли пеш, режими саҳюнистӣ ва ғосиб дар посух ба кушта шудани чанд саҳюнист дар Наҳориё, дусад нафарро дар урдугоҳи Ҷинин ба қатл расонд, то барои ҳамеша масъалаи Ҷининро ҳал кунад!

Назарсанҷиҳо мегӯянд тақрибан 70 дарсади фаластиниҳо дар сарзаминҳои 48 ва 68 ва урдугоҳҳои хориҷ, раҳбарони фаластиниро ба ҳамлаҳои низомӣ ба режими ғосиб тарғиб мекунанд. Ин падидаи муҳимме аст; зеро ба маънои омодагии комили фаластиниҳо барои муқобила бо режими ғосиб аст ва дасти созмонҳои муҷоҳидро боз мегузорад, то ҳар замоне зарур донистанд вориди амал шаванд.

Ҳаракатҳои ҷиҳодии мардуми Фаластин дар ду бахши шимолӣ ва ҷанубии сарзаминҳои 48, ва ҳамзамон бо он, баргузории роҳпаймоиҳои сангин дар Урдун ва Қудси шарқӣ ва дифои ҷононаи ҷавонони Фаластин аз Масҷидулақсо ва размоиши низомб дар Ғазза нишон дод, ки кулли Фаластин ба саҳнаи муқовимат табдил шудааст. Акнун мардуми Фаластин ба идомаи ҷиҳод, ваҳдат назар ёфтаанд.

Ин ҳодисаҳо ва ончи дар солҳои охир дар Фаластин рӯй додааст, мӯҳри ботил будани ҳамаи тарҳҳои созиш бо душмани саҳюнистӣ аст, зеро ҳеҷ тарҳе дар бораи Фаластин дар ғаёб ё бар хилоф назари соҳибони он яъне фаластиниҳо иҷрошуданӣ нест; ин яъне ҳамаи тавофуқҳои пеш аз ин монанд Услу, ё тарҳи арабии ду давлатӣ, ё муомилаи қарн, ё оддисозиҳои ҳақиронаи охир ботил шудаанд.

Режими саҳюнистӣ албатта бо инки аз нафас афтодааст, ҳамчунон ба ҷиноятҳои худ идома медиҳад ва бо силоҳ ба ҷони мазлумон афтодааст; зану кӯдак, пиру ҷавони ғайримусаллаҳро ба қатл мерасонад, зиндонӣ ва шиканҷа мекунад, хонаҳоро вайрон месозад, мазраъаҳо ва дороиҳоро нобуд мекунад; аммо дурӯғгӯёни муддаии ҳуқуқи башар дар Аврупо ва Амрико, ки дар қазияи Украина он ғавғоро ба роҳ андохтанд, дар баробари ин ҳама ҷиноят дар Фаластин мӯҳри сукут бар лаб задаанд ва аз мазлум дифоъ намекунанд, балки ба гурги хунхор кумак ҳам мекунанд.

Ин дарси бузурге аст, ки дар қазияҳои дунёи Ислом ва дар раъси он қазияи Фаластин, ба ин қудратҳои нажодпараст ва душман наметавон ва набояд такя кард; танҳо бо неруи муқовимат, ки баргирифта аз таълими Қуръони Карим ва аҳкоми Исломи азиз аст, метавон масоили дунёи Ислом ва дар раъси он масъалаи Фаластинро ҳал кард.

Шаклгирии муқовимат дар минтақаи ғарби Осиё дар даҳаҳои ахир пурбаракаттарин падидаи ин минтақа будааст. Киёни муқовимат буд, ки бахшҳои ишғолшудаи Лубнонро аз  вуҷуд палиди саҳюнистҳо пок кард, Ироқро аз гулуи Амрико берун кашид, Ироқро аз шарри ДИИШ наҷот дод ва ба мудофиони Сурия дар баробари нақшаҳои Амрико ёрӣ расонид.

Киёни муқовимат бо режими саҳюнистӣ ва терроризми байналмилалӣ мубориза мекунад, ба мардуми муқовими Яман дар ҷанге, ки ба онҳо таҳмил шудааст ёрӣ мерасонад, бо мавҷудияти ғосибони саҳюнист дар Фаластин панҷа меафканад ва ба тавфиқи илоҳӣ онҳоро ба зону меоварад ва бо талоши муҷоҳидона, масъалаи Қудс ва Фаластинро дар афкори умумии ҷаҳон рӯз ба рӯз барҷастатар мекунад.

Раҳбари иқилоби ҶИЭ дар поёни суханонишон бо дуруд ба рӯҳи шаҳидони фаластинӣ ва адои эҳтиром ба хонаводаҳои онҳо, ба асирону зиндониёни фаластинӣ, ки бо иродаи устувор муқовимат мекунанд таҳият гуфт ва афзуд: “дасти гурӯҳҳои фаластинии муқовимро, ки бахши муҳимми ин масъулияти бузургро ба дӯш гирифтаанд мефишорам ва дунёи Ислом ба вижа ҷавононро ба ҳузур дар ин майдони иззату каромат фаро мехонам”.