Оғози амалёти ҷадиди Туркия дар шимоли Ироқ

 Оғози амалёти ҷадиди Туркия дар шимоли Ироқ

Неруҳои низомии Туркия амалёти ҷадиди ҳавоӣ ва заминии худро дар Курдистони Ироқ оғоз карданд.

Вазорати дифои Туркия эълон кард, ки якшанбе шаб амалёти ҷадидеро дар минтақаи Курдистони Ироқ оғоз кардааст.

Ин амалёт аш сурати ҳаовӣ ва заминӣ ва бо ҳузури вазири дифои Туркия Хулуси Окор ва фармондеҳони неруҳои заминӣ, ҳавоӣ ва баҳрӣ оғоз шудааст.

Туркия дар 3 рӯзи гузашта амалётҳои худро дар шимоли Ироқ ташдид карда ва ин амалётҳо ба сурати ҳавоӣ ва заминӣ дунбол мешавад. Ҳадаф аз ин амалётҳо муқобила бо гуруҳи террористии ПКК баён шудааст, аммо мақомоти Бағдод ва гуруҳҳо ва ҷараёнҳои сиёсии ин кишвар дар давраҳои мухталиф норизоятии худро аз ин иқдомоти Туркия эълон кардаанд.