Паёми табрики Раҳмон ба Макрон ба муносибати пирӯзӣ дар интихоботи президентӣ

 Паёми табрики Раҳмон ба Макрон ба муносибати пирӯзӣ дар интихоботи президентӣ

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Эммануэл Макрон, президенти Ҷумҳурии Фаронса барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он омадааст:

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Эммануэл Макрон, президенти Ҷумҳурии Фаронса барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он омадааст:

Ба муносибати пирӯзии Макрон дар интихоботи президентии Фаронса, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Эммануэл Макрон, президенти Ҷумҳурии Фаронса барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он омадааст:

“Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли фараҳмандӣ Шуморо ба муносибати муҷаддадан интихоб гардиданатон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Фаронса табрику муборакбод мегӯям.

Бо ибрози беҳтарин таманниёти хеш ба Шумо сиҳатмандии комил, саодатмандӣ ва дар фаъолияти минбаъдаи пурмасъулиятатон комёбиҳои рӯзафзун, ба мардуми дӯсти Фаронса сулҳу амонӣ ва пешрафту шукуфоии беш аз пеш орзумандам.

Мо аз сатҳу муҳтавои имрӯзаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои миёни Тоҷикистону Фаронса изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамеша ҳавасманди густаришу тавсеаи бештару ҳамаҷонибаи онҳо дар тамоми самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мебошем.

Итминон дорам, ки бо саъю талошҳои муштарак, аз ҷумла тавассути идомаи муколамаи сатҳи олӣ ва баланди ду ҷониб робитаҳои шарикии созандаи миёни кишварҳои мо мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумонамон дар оянда низ пайгирона рушд хоҳанд ёфт.

Дар ин зимн даъвати худро аз Шумо, ҷаноби Президент, ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон бори дигар таҷдид менамоям.

Ин фурсатро ҷиҳати таҷдиди ғояти эҳтиром ба Шумо ғанимат мешуморам”.

Қайд карда мешавад, ки Эммануэл Макрон дар даври дувуми интихоботи президентии Фаронса бо касби 58.5 дарсади раъйҳо пирӯз гардидааст.