Омодагии Ҳилоли Аҳмари Эрон барои фаъолият дар Тоҷикистон

 Омодагии Ҳилоли Аҳмари Эрон барои фаъолият дар Тоҷикистон

Дидори наврӯзии Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон бо Пирҳусайни Куливанд, раиси Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар баргузор шуд.

Дидори наврӯзии Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон бо Пирҳусайни Куливанд, раиси Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар баргузор шуд.

Ба гузориши сомонаи Суруш, дар ин дидор раиси Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар бо табрики оғози соли нави хуршедӣ гуфт: “иштирокоти забонӣ, таърихӣ ва фарҳангии бисёре байни ду кишвар вуҷуд дорад, ки фурсате тиллоӣ ва муносиб барои тавсеаи равобит ва ҳамкории муштарак аст.”

Вай бо таъкид бар инки раисҷумҳури Эрон бар сиёсати афзоиши ҳамкориҳои ду ва чандҷониба бо кишварҳои ҳамсоя ва минтақа таъкиди бисёр дорад, афзуд: “дар солҳои гузашта заминаҳои ҳамкории Ҳилоли Аҳмари ду кишвар фароҳам буда ва мо аз афзоиши ҳамкориҳои муштарак истиқбол мекунем.”

Раиси Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар, аз фаъолияти маркази дармонии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистонро як зарфияти қавӣ дар ҷиҳати аҳдофи ҷамъиятҳои миллӣ ном бурд ва афзуд: “маркази дармонии Ҳилоли Аҳмари Эрон дар Тоҷикистон бо кадри дармонии мутахассис, хадамоти бокайфият ва хуберо ироа медод, ки мутаассифона дар ҳоли ҳозир таътил аст.

Вай бо таъкид бар инки Ҳилоли Аҳмари Эрон ниҳоди ғайрисёсӣ ва муину кумакёри давлат дар ироаи хадамоти башардӯстона ба ниёзмандон аст афзуд: “Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон ба азсаргирӣ ва идомаи фаъолияти маркази дармонӣ дар Тоҷикистон барои ироаи хадамоти башардӯстона ба мардуми ниёзманд таъкид дорад ва хостори таъйини таклиф дар бораи идомаи фаъолияти ин маркази дармонӣ ҳастем.”

Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Ҷумҳури Тоҷикистон дар Эрон ҳам дар ин дидор ҳамкориҳои муштарак бо Эронро як фурсати муғтанам донист ва афзуд: “яке аз ду мақсади мардуми Тоҷикистон барои дармон ба далели неруи мутахассис ва таҷҳизоти пешрафта, Эрон аст ва мо аз тавсеаи ҳамкори муштарак бо Ҳилоли Аҳмари Эрон ба хусус дар ҳавзаи дармон истиқбол мекунем.”

Ҳилоли Аҳмар

Ҳилоли Аҳмар

Ҳилоли Аҳмар

Ҳилоли Аҳмар

Ҳилоли Аҳмар