Пирӯзии Макрон дар интихоботи президентии Фаронса

 Пирӯзии Макрон дар интихоботи президентии Фаронса

Раиси Додгоҳи конститутсионии Фаронса рӯзи 27 апрел расман интихоби раисиҷумҳурро барои панҷ соли оянда эълон мекунад

РИА Новостӣ хабар медиҳад: Президенти феълии Фаронса Эммануэл Макрон дар даври дуюми интихоботи президентӣ пирӯз шуд.
Бар асоси натоиҷи шумориши аксари кулли оро, Макрон аз рақибаш, раҳбари Ҳизби «Иттиҳоди миллӣ» Марин Ле Пен, пеш гузашт.
Раиси Додгоҳи конститутсионии Фаронса рӯзи 27 апрел расман интихоби раиси давлатро барои панҷ соли оянда эълон мекунад.

Макрон дар соли 2017 дар синни 39-солагӣ ба курсии президентӣ интихоб шуд, ҷавонтарин раҳбари Ҷумҳурии Фаронса дар таърих ва аввалин номзади худпешбар шуд.
Панҷ сол пеш дар даври дувуми интихобот ӯ ҳам бар Марин Ле Пен пирӯз шуда буд, аммо бо ҳисоби бештар.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки тибқи натоиҷи шумориши 100 дарсади оро Эммануэл Макрон дар даври дуввум 58,55 дарсад ва Марин Ле Пен 41,45 дарсад ба даст овардаанд.