Президенти пешини Алҷазоир даргузашт

 Президенти пешини Алҷазоир даргузашт

Расонаҳои давлатии кишвари Алҷазоир аз марги Абдулазиз Бутефлика хабар доданд.

Абдулазиз Бутефлика, президенти пешини кишвари Алҷазоир дар синни 84-солагӣ даргузашт.

Вай аз 26 солагӣ собиқаи фаъолияти сиёсӣ дорад, ӯ соли 1956 барои мубориза бо ишғолгарони фаронсавӣ ба артиши озодибахши Алҷазоир пайвастааст.

Бутефлика собиқаи 4 давраи раёсатҷумҳурии Алҷазоирро дорад.

Президенти Алҷазоир талош кард, то раёсатҷумҳурии худро ҳамчун Эмомалӣ Раҳмон доимӣ кунад, ки бо мухолифати густурда рӯбарӯ шуд ва аз ширкат дар 5-умин давраи интихобтӣ истеъфо дод.

Вай бо 15 сол собиқаи президентӣ дар Алҷазоир рекорддор аст.

Бутефлика дар давраи ҳукумати худ бо буҳронҳои сиёсии бисёре рӯбарӯ буд, ки ба кумаки пулҳои нефтӣ ва зиракиву таҷрибаи дипломатики худ ба саломат аз онҳо гузар кард.

Алҷазоир кишваре дар қораи Африқои шимолӣ бо беш аз 43 миллион нафар ҷамъият мебошад.