Президенти Тоҷикистон ба Фаронса сафар кард

 Президенти Тоҷикистон ба Фаронса сафар кард

Дар идомаи силсила сафарҳои президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон шаби гузашта ба фаронса фарар кард.

Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон пас аз итмоми сафараш дар Белгия ва мулоқоташ бо мақомоти ин кишвар, шаби гузашта (12 октябр) ба Фаронса сафар кардааст.

Ба иттилои дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон, Раҳмон барои анҷоми сафари расмӣ аз Брюссел ба Фаронса рафт.

Дар миёни мақомдороне, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар ҳамроҳӣ мекунанд, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии раисҷумҳур дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ зикр гардидаанд.

Сафари Раҳмон ба Фаронса аз 12 то 14 октябр идома хоҳад дошт. Интизор меравад, раисҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтоои фаронсавияш Эммануэл Макрон масоили гуногун, аз ҷумла вазъи Афғонистону амнияти минтақаро баррасӣ намояд.

Зимни ин сафар дар Порис Раҳмон дар баробари мулоқотҳои сатҳи баланд, инчунин дар ифтитоҳи намоиши нигораҳои таърихии «Тоҷикистон–кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар осорхонаи ҳунарҳои осиёии «Гиме» ва чорабиние бахшида ба Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар дафтари ЮНЕСКО иштирок хоҳад кард.

Дар ин робита бихонед…

Оғози силсисафарҳои Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо аз Белгия

Дафтари матбуоти роҳбари давлат хабар медиҳад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар раъси як ҳайати ҳукуматӣ ба кишвар Белгия сафар кардааст.

Гуфта мешавад, ки вайро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, роҳбари давлатро, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, сарвазир ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишварро, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Дар барнома ва сафари кории раисҷумҳур ба Аврупо чизе гуфта нашудааст, аммо эҳтимол  мешавад, ки мавзӯи асосии музокироти Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбарияти Иттиҳоди Аврупо мушкилоти Афғонистон хоҳад буд. Зеро вазъияти марзи Тоҷикистону Афғонистон ва нуфузи Толибон дар Афғонистон нигарониҳои зиёдеро барои ҷумҳурӣ ба вуҷуд овардааст.

Аз ҷумла, интизор меравад, ки таҳдидҳо ва чолишҳои баваҷудомада ба ҳамсояҳо, расонидани кӯмаки башардӯстонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мардуми Афғонистон, ки бо бӯҳрони иҷтимоию иқтисодӣ рӯбарӯ ҳастанд, баррасӣ шавад. Ташкили давлати фарогир дар Кобул, таъсири авзоъи Афғонистон ба амнияти минтақа ва зарурати расондани кумакҳои башардӯстона ба мардуми ин кишвар аз дигар мавзӯъҳои муҳим дар дидори Раҳмон бо мақомоти Иттиҳодияи Аврупо хоҳад буд, чароки Толибон Тоҷикистонро ба андешаи ҷиддӣ фуру бурдааст ва ҳоло мавқеи ҷиддии мақомоти тоҷик дар баробари Толибон равшан нест ва эътирофи расмӣ ҳам барои ба расмият шинохтани ин гурӯҳ дар Афғонистон аз ҷониби Тоҷикистон ироа нашудааст.

Ёдовар мешавем, раисҷумҳури Тоҷикистонро Шарл Мишел, роҳбари Иттиҳоди Аврупо рӯзи 26 август, зимни як тамоси телефонӣ даъват намуда буд.

Интизор меравад, ки Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 13-уми октябр ба Париж равад ва дар онҷо бо Эманнуэл Макрон,раисҷумҳури Фаронса мулоқот кунад.