Путин бо анҷоми як амалиёти вижа Қримро аз таҷовузи Украина наҷот дод

 Путин бо анҷоми як амалиёти вижа Қримро аз таҷовузи Украина наҷот дод

Мақомоти ҶМД хабар доданд, ки дар қароргоҳи радикалҳои украинӣ асноде пайдо шудаанд, ки аз нияти низомиён ва миллатгароён барои ҳамла ба Қрим ва Донбасс дар рӯзи 8 март шҳодат медиҳанд

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин бо тасмими баргузории амалиёти вижаи низомӣ дар Украина Қримро аз ҳамлаи ногузири артиш ва гурӯҳҳои миллатгароёни украинӣ наҷот дод.
Дар ин бора РИА Новости боистинод ба вакили Думаи давлатии Қрим Михаил Шеремет хабар дод.
Ба андешаи ӯ, раҳбари Русия «воқеан барои пешгири кардан кор кардааст.»

Зимнан, мақомти ҶМД хабар доданд, ки дар қароргоҳи радикалҳои украинӣ асноде пайдо шудааст, ки аз нияти низомиён ва миллатгароён барои ҳамла ба Қрим ва Донбасс дар рӯзи 8 марти соли 2022 шаҳодат медиҳанд.
Дар навбати худ, раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин дастур дод, ки ин маълумот тафтиш карда, инчунин дигар тадбирҳо андешида шаванд, ки дар натиҷа масъалаи оғоз кардани парвандаи ҷиноӣ ҳал карда шавад.
Вакил таъкид намуд:м»Доктринаи низомии Украина баргардонидани назорат бар Қримро дар бар мегирад. Сухан танҳо дар замони иҷрои ин нақшаи ҷиноӣ буд».
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро «ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд.»
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.

Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешаванд, ки то ҳол ду даври он анҷом ёфта, интизор меравад, рӯзҳои наздик даври сеюмаш сурат гирад.