Путин гуфт, сарбозони даъватиро ба Украина намефиристад

 Путин гуфт, сарбозони даъватиро ба Украина намефиристад

Президенти Русия мегӯяд, сарбозони даъватӣ дар амалиёти низомӣ дар Украина иштирок нахоҳанд кард

Путин, президенти Русия изҳор дошт: Дар амалиёти низомӣ дар Украина танҳо низомиёни касбӣ ба ҳалли вазифаҳои гузошташуда машғуланд.
Раисҷумҳури Русия зимни паёми шодбошияш ба муносибати 8 март ба наздикони низомиёне муроҷиат намуд, ки феълан дар Украина қарор доранд.
Путин гуфт: «Мехоҳам ба модарон, ҳамсарон, хоҳарон, арӯсони сарбозону афсаронамон муроҷиат кунам, ки феълан дар муҳорибаанд, аз Русия дар амалиёти махсуси низомӣ ҳимоят мекунанд. Мефаҳмам, ки барои наздикону дӯстдоштаҳои худ дар ташвишед. Шумо метавонед, чун тамоми кишвар бо онҳо ифтихор кунед».

Вай дар идома таъкид намуд, ки сарбозони даъватӣ дар амалиёти низомӣ дар Украина иштирок надоранд ва нахоҳанд дошт. Ҳамчунин иттилоъ дод, ки даъвати иловагӣ аз ҳисоби захираҳо низ амалӣ нахоҳад шуд.
Президенти Русия гуфт: «Вазифаҳои гузошташуда танҳо аз ҷониби низомиёни касбӣ ҳал карда мешаванд. Муътақидам, онҳо амният ва суботи устувор барои мардуми Русияро таъмин хоҳанд кард».
Владимир Путин инчунин ба заноне, ки дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Русия адои хидмат мекунанд, изҳори миннатдорӣ намудаст.
Маврид ба зикр аст, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.

Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гуруҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешаванд, ки то ҳол се даври он анҷом ёфтаст. Ҳар ду ҷониб мегӯянд, гуфтушунидҳоро идома хоҳанд дод.