Путин дастури афзоиши содироти газ ба Аврупоро содир кард

 Путин дастури афзоиши содироти газ ба Аврупоро содир кард

Раисҷумҳури Русия ба ширкати “Газпром” дастур дод то содироти газ ба кишварҳои аврупоиро афзоиш диҳад

Путин дар ҷаласаи маҷозӣ дар бораи баҳрабардорӣ аз манобеи газии минтақаи Ямал дар шимоли Русия гуфт, ширкати “Газпром” пас аз пур кардани анборҳои зеризаминии гази Русия, иқдом ба афзоиши ҳаҷми гази анборҳои зеризаминии газ дар Аврупо бикунад.

Вай бо баёни инки захоири газ дар анборҳои зеризаминии Аврупо ба поинтарин сатҳ дар панҷ соли ахир расидааст, афзуд, қимати газ дар қарордодҳои кӯтоҳмуддати фурӯши газ ҳамчунон болои якҳазор доллар барои ҳар ҳазор метри мукааб аст.

Қимати газ дар бозори Аврупо дар ҳафтаҳои ахир то як ҳазору 500 доллар барои ҳар ҳазор метри мукааб газ афзоиш ёфтааст.

Путин бо баёни инки вазъияти бозори энержӣ бисёр бесубот аст, изҳор кард, дар марҳалаи аввал ин масъала ба Аврупо марбӯт мешавад.

Вай ҳамчунин гуфт, ки ширкати “Газпром” камбуди содироти гази Амрико ба бозори Аврупоро ҷуброн хоҳад кард.

Вай ахбори расонаҳои ғарбӣ, мабнӣ бар коҳиши содироти гази Русияро иддаои гумроҳкунанда хонд ва онро такзиб кард.

Русия солона то 130 миллиард метри мукааб газ ба кишварҳои аврупоӣ содир мекунад ва бахши умдаи ин газ аз тариқи шабакаи хутути лӯлаи Украина транзит мешавад.