Паёми наврӯзии президенти кишвар

 Паёми наврӯзии президенти кишвар

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон меросбарони Наврӯзро ба эҳёи ҷашни бостонӣ ва шиносонидани он ба ҷаҳониён даъват кард

Эмомалӣ Раҳмон фаро расидани Соли нави миллӣ Иди Наврӯзро ба тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон табрик гуфт.

Дар паёми шодбошии раисҷумҳури кишвар, ки дафтари матбуотияш нашр кардааст, тоҷикон меросбарони аслии ин ҷашни бостонӣ унвон шуда, гуфта мешавад, ки ҷаҳонӣ шудани Наврӯз мо – ворисонро водор месозад, ки дар баробари ифтихор барои эҳёи суннатҳои он ва шиносонидани он ба аҳли башар талош намоем.

Ба таъкиди президент, аз нав зинда гардонидани расму ойинҳо, суннату анъанаҳо ва либосҳои миллӣ, маросиму ҷашнҳои бостонӣ, аз ҷумла Сада, Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва барқарорсозии номҳои ҷуғрофию таърихии сарзамини куҳанбунёдамон ба тақвияти ҳофизаи таърихиву ҳисси миллии мардуми кишвар ва махсусан, наврасону ҷавонон мусоидат менамояд.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст: “Арҷ гузоштан ба гузаштаи пурифтихор барои ташаккули маънавиёти наслҳои имрӯзу оянда нақши калидӣ дорад”.

Раҳмон ҳамзамон мардумро ба ободӣ ва таҳаммулпазириву дастгирии якдигар, махсусан ятимону маъбон ва бепарасторон, ки аз оинщои дигари иданд, даъват кардааст.

Ӯ аз ду соли гузашта, яъне давраи паҳншавии бемории КОВИД – 19 ишора карда гуфтааст, ки он нишон дод, ки дар лаҳзаҳои душвору вазнин ҳамаи давлатҳо дар фикри мардуми худ ва дар талоши ҳалли мушкилоти хешанд.

Президент аз аз ҳолати камчинии маҳсулот, болоравии нархҳо, қатъ гардидани интиқоли молу маҳсулот ва ҳатто маводи доруворӣ дар он замоон ёдовар шуда гуфт, мо бояд бо сабру таҳаммул бошем, ба воҳимаву таҳлука наафтем ва бовар дошта бошем, ки мушкилоти имрӯза муваққатӣ ва гузарандаанд.

Дар идомаи суханронӣ президент вазъияти вазнинтарин солҳои ахир ва таҳримот ишора карда, аҳолиро ба сарфакорӣ даъват кардааст.

Дар поёни паёми табрик Эмомалӣ Рҳмон Наврӯзи байналмилалиро кулли тоҷикону форсизабонони ҷаҳон ва мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯз табрик кардааст.