Раисӣ: санади ҷомеъи ҳамкории миёни Эрону Русия ниҳоӣ шавад

 Раисӣ: санади ҷомеъи ҳамкории миёни Эрону Русия ниҳоӣ шавад

Раисҷумҳӯри Эрон дар дидори раиси Думаи Русия таъкид кард: Санади ҷомеъи ҳамкории миёни Эрону Русия барои густариши ҳаддиаксарии ҳамкориҳо ниҳоӣ шавад .

Сайид Иброҳим Раисӣ-раисҷумҳӯри Эрон рӯзи панҷшанбе дар дидори Вячеслав Володин — раиси Думаи Русия ҳаҷми таъомулоти ду кишварро хуб, аммо нокофӣ тавсиф кард ва гуфт : Муносиботи Теҳрон — Маскав бояд вориди давраи ҷадид шуда ва барои тавсеъаи ҳамаҷониба гомҳои асосӣ бардошта шавад.

Раисҷумҳӯри Эрон бо баёни инки ҳамкории Эрон ва Русия метавонад омили муассиру боздоранда дар баробари якҷонибагароӣ бошад, ибрози умедворӣ кард санади ҷомеъи ҳамкории миёни ду кишвар барои густариши ҳаддиаксарии ҳамкориҳо ниҳоӣ шавад.

Раисӣ бо ишора ба инки монеъе барои густариши ҳамаҷонибаи равобити ду кишвар вуҷуд надорад, гуфт : Аз пешрафту рушди иқтисодии Русия дар ростои худиттикоӣ хурсанд буда ва мусаммам ҳастем дар баробари таҳримҳои золимонаи Амрикову Аврупо муқобила кунем.

Раиси Думаи давлатии Русия низ дар ин дидор бо иблоғи табрику орзӯи муваффақияти худу Владимир Путин- раисҷумҳӯри ин кишвар барои давлати сездаҳум ва раиси ҷумҳӯрии Эрон гуфт : Бояд дар чорчӯби равобити порлумонӣ бо Эрон сиёсати афзоиши сатҳи равобитро суръат бахшем.

Володин гуфт : Таҳримҳо алайҳи Эрону Русия бо ҳадафи тазъифи Эрону Русия ҷорӣ шуданд, аммо дар канори ҳам барои густариши таъомулоту пешрафт бар ин монеъаҳо ғалаба хоҳем кард .