Раъйи мусбати Сенати Амрико ба кумаки 40 миллиарддолларӣ ба Украина

 Раъйи мусбати Сенати Амрико ба кумаки 40 миллиарддолларӣ ба Украина

Маҷлиси Сенати Амрико ба ихтисоси 40 миллиарддоллар кумаки бештар ба Украин дар ҷанг бо Русия раъй дод.

Ҳудӯди се моҳ аз ҷанги Украина мегузарад ва токунӯн 25 кишвар иқдом ба ирсоли таслеҳоти мухталифи низомӣ барои Киев кардаанд.

Крейг Каплан, хабарнигори C-Span дар Конгресси Амрико дар ҳисоби “Твиттер”-ии худ навишт: Сенати Амрико бо 81 раъйи мусбат ва 11 раъйи манфӣ ба лоиҳаи кумаки 40 миллиарддолларӣ ба Украина раъйи мусбат дод. Интизор меравад, ки раъйгирии ниҳоӣ дар бораи ин лоиҳа то рӯзӣ панҷшанбе анҷом шавад.

Хабаргузории Ройтерс низ гузориш дод, Маҷлиси Сенати Амрико рӯзи душанбе ба ихтисоси 40 миллиарддоллар кумаки бештар ба Украина дар ҷанг бо Русия раъй доду заминаро барои раъйгирӣ дар мавриди ин лоиҳаи эҳтимолан дар авохири ин ҳафта фароҳам кард, зеро кумакҳои низомӣ ва башардӯстона ба далели мухолифати сенатори Ренд Поул, сенатори ҷумҳурихоҳ ба таъвиқ афтод.

Маҷлиси намояндагони Амрико ин лоиҳаи кумак ба Украинаро дар 10 май тасвиб кард. Аммо пас аз он ки сенатори ҷумҳурихоҳ Ренд Поул аз иҷозаи раъйгирии сареъ имтиноъ кард, ин лоиҳа дар Сенат мутаваққиф шуд.

Ҷозеф Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо низ дирӯз душанбе гуфт: «вазирони хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо бар сари тахсиси 500 миллион еврои дигар ба тавофуқ расиданд. Бинобар ин, маҷмӯи кумакҳои низомӣ ба Украина 2 миллиард евро хоҳад шуд».

Маскав токунӯн борҳо ба кишварҳои ғарбӣ дар бораи таслиҳи Украина ва низ бе таваҷҷӯҳӣ ба нақзи ҳуқуқи башар ва ҳамалоти нерӯҳои украинӣ ба сокинини рустабор дар шарқи Украина ҳушдор додааст.