Гуфтугӯи Раҳмон ва Путин дар 30-юмин солгарди равобит

 Гуфтугӯи Раҳмон ва Путин дар 30-юмин солгарди равобит

Ба муносибати 30-умин солгарди равобити дипломатии Тоҷикистон ва Русия руасои ҷумҳури ду кишвар гуфтугӯи телефонӣ анҷом доданд.

Руасои ҷумҳури Тоҷикистон ва Русия, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар пайи ирсоли паёмҳои табрикотӣ ба муносибати солгарди равобити дипломатӣ, суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар оғоз сарони ду кишвар ба муносибати 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Русия ҳамдигарро табрик гуфтанд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Эмомалӣ Раҳмон.

Зимни гуфтугӯ президентҳо бо қаноатмандӣ сатҳи баланди муносибатҳои дуҷонибаро, ки бар пояи анъанаҳои нек ва эҳтироми байниҳамдигарӣ асос ёфтаанд, таъкид карданд.

«Ҷонибҳо ҷараёни рушди афзояндаи робитаҳои ду кишварро дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ, ҳамчунин сатҳи кунунии ҳамкории Тоҷикистону Русияро дар соҳаи амниятӣ баланд арзёбӣ намуданд»,-афзудааст манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, раванди рушди вазъият дар Афғонистон ва ҳолати сарҳади миёни Тоҷикистону Афғонистон аз мавзуоти дигари роҳбарони давлатҳо будааст.

Ҳамчунин Раҳмон ва Путин дар робита ба дигар масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор анҷом доданд.

Қаблан дар паёми шодбошияш Эмомалӣ Раҳмон гуфт, се даҳсоли равобити Маскаву Душанбе дар роҳи рушду таҳкими муносибатҳои дӯстии наздик ва ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманд дар чорчӯби шарикии стратегӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд.

Президенти Тоҷикистон ҳамкориҳои дуҷонибаро дар ҳама сатҳҳо баланд арзёбӣ карда гуфт, рушди минбаъдаи ҳамаҷонибаи муносибатҳои Тоҷикистон ва Русия ҷавобгӯи манфиатҳои аслии шаҳрвандони кишварҳои мо буда, ба нигоҳ доштани сулҳу амонӣ дар Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.

Дар ҳамин ҳол Владимир Путин гуфт, тӯли даҳсолаҳои сипаришуда ба мо муяссар шуд, ки робитаҳои байни Русия ва Тоҷикистонро ба сатҳи шарикии стратегӣ ва иттифоқчигӣ барорем. Муколамаи пурмазмуни сиёсӣ, ҳамкориҳои босамар дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва гуманитарӣ дар ҳоли рушд қарор доранд.

Роҳбари Русия ҳамчунин изҳори бовар кардааст, ки тавсеаи минбаъдаи тамоми маҷмуи муносибатҳо байни Русия ва Тоҷикистон ҷавобгӯи манфиатҳои аслии мардумони бо ҳам дӯсти ду кишвар буда, дар маҷрои таҳкими сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ қарор дорад.