Русияро бояд дар мубориза бо НАТО ҳамроҳӣ кунем

 Русияро бояд дар мубориза бо НАТО ҳамроҳӣ кунем

Президенти Беларус мегӯяд, Русия набояд дар мубориза бо НАТО танҳо бошад балки лозим аст, ки кишварҳои узви СААД бо Маскав муттаҳид бошанд.

Александр Лукашенко, президенти Беларус дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ (СААД), ки имрӯз дар Маскав баргузор шуд гуфт, ки Русия набояд танҳо алайҳи тавсеаи НАТО мубориза кунад.

«Бидуни муттаҳидии фаврии кишварҳои узви СПАД фардои мо зери суол аст. Агар мо фавран ҳамчун як ҷабҳаи муттаҳид амал мекардем, ин таҳримҳои дузахӣ роҳандозӣ намешуданд, Русия набояд алайҳи тавсеаи НАТО танҳо мубориза барад», — гуфт рисҷумҳури Беларус.

Тавре қаблан рӯзи душанбе хабар дода шуда буд, Александр гуфт, Ғарб алайҳи Беларус ва Русия ҷанги махлути ҳамаҷониба эълон кардааст.

Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ҳам ба манзури иштирок дар нишасти СААД ба Маскав сафар кардааст.

Раҳмонро дар сафари корӣ ба пойтахти Русия вазири корҳои хориҷии кишвар ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон бо даъвати Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД, нахуствазири Арманистон Никол Пашинян барои ширкат дар ҳамоиши солонаи СААД, ки ба муносибати 30-юмин солгарди имзои Шартномаи амнияти дастаҷамъӣ ва 20-умин солгарди таъсиси СПАД баргузор мешавад, вориди Маскав шуд.