Русия ба як таҳдиди воқеӣ табдил ёфтааст

 Русия ба як таҳдиди воқеӣ табдил ёфтааст

Вазири дифои Амрико дар суханоне гуфт, ки тафовути Чин ва Русия ин аст, ки Пекин як мушкил ва Маскав ба як таҳдиди воқеӣ табдил ёфтааст.

Генерал Марк Милӣ, раиси ситоди артиши Амрико ва Лойд Астен, вазири дифои Амрико рӯзи сешанбе тайи нишасте дар конгресси ин кишвар ба баррасии ҷанги Русия бо Украина пардохтанд.

Милӣ дар суханони худ гуфт, ҳамлаи Русия ба Украина дар ҳоли таҳдиду тазъифи натанҳо сулҳу суботи Аврупо балки сулҳу суботи ҷаҳонӣ аст, ки падарону наслҳои Амрико барои дифоъ аз он сахт ҷангидаанд.

Раиси ситоди муштараки артиши Амрико илова кард: Вашингтон тавони низомии худро мутаносиб бо тавони низомии Русия ва Чин тавсеа ва тақвият хоҳад дод.

Лойд Астен низ дар ин нишаст гуфт: Путин ҳамин имрӯз метавонад ҷанг дар Украинаро мутаваққиф кунад ва неруҳояшро аз ин кишвар хориҷ кунад . Ин тасмими як фард аст.

Вазири дифои Амрико дар бораи эҳтимоли ҳамлаи химиявӣ ва биологикӣ тавассути Русия гуфт: ман умедворам, ки Путин ин корро анҷоми надиҳад ва посухи ҷаҳонӣ ба ин иқдом қобили таваҷҷӯҳ хоҳад буд.

Астен изофа кард: поёни бозӣ тавассути давлати Украина, ки дар таомул бо Маскав аст мушаххас хоҳад шуд ва мо қасд дорем то ҳадди тавон аз Украина ҳимоят кунем то ин итминон ҳосил шавад, ки аз Украина ва талошҳояш барои дифоъ аз тамомияти арзии худҳимоят мекунем.

Вазири дифои Амрико илова кард: тафовути байни Чину Русия ин аст, ки Чин як мушкил аст Маскав ба як таҳдиди воқеӣ табдил ёфтааст.

Ҷозеф Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо низ рӯзи сешанбе дар паёме дар Твиттер гуфт, ки ҷанги бедалели Русия алайҳи Украина бар амнияти ҷаҳонӣ таъсир гузоштааст.