Русия кишвари ҳомии терроризм эълон шавад

 Русия кишвари ҳомии терроризм эълон шавад

Раисҷумҳури Украина дар тамоси телефонии ахири худ бо Байден аз вай хостааст, ки  Русия ба унвони кишвари ҳомии терроризм муаррифӣ шавад.

Расонаҳои амрикоӣ гузориш доданд, ки Владимир Зеленски, раиҷҷумҳури Украина аз Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико дархост кардааст, ки Русия ба унвони кишвари ҳомии терроризм эълон шавад.

Бар асоси гузоришҳо Зеленски их хостаи худро дар ҷараёни тамоси телефонии ахири худ бо Байден матраҳ кардааст.

Байден дар ин тамоси телефонӣ ҳеҷ иқдоми вижаеро ваъда надодааст.

Президенти Амрико ба ҳамтои амрикоии худ гуфтааст, ки вай дар пайи баррасии пешгиҳодҳое барои эъмоли фишори бештар бар Маскав мебошад.

Вашингтон ҳатто дар ҷараёни ҷанги сард аз қарор додани Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравӣ дар феҳрасти кишварҳои ҳомии терроризм худдорӣ карда буд.

Ин иқдоми Вашингтон иқдомоти густардаеро дар пай хоҳад дошт, ки шомили эъмоли таҳримҳои иқтисодӣ дар даҳҳо кишваре хоҳад буд, ки ба тиҷорат бо Русия идома медиҳанд ва ҳамаи дороиҳои Русия дар Амрико масдуд хоҳад шуд ва ҳар гуна содироти таҷҳизот бо корбурди дугона ба Русия манъ мешавад.

Русия дар таърихи 24 феврал ба дархости ҷумҳури ҳои Донбас барои дифоъ дар муқобили ҳамалоти Украина амалёти низомии вижаеро дар Укаина оғоз кард ва Путин ҳадаф аз амалёти кишвараш дар Украинаро наҷоти мардуме хонд, ки барои муддати 8 сол мавриди наслкушии режими Киев қарор доштанд.

Вай ҳамчунин гуфт, ки амалиёти низомии Русия дар Украина ба хотири «халъи силоҳ ва нозизудоии Украина ва таъқиби ҳама ҷинояткорони масъули ҷиноятҳои хунин алайҳи мардуми ғайри низомии Донбасс» мебошад.

Ба гуфтаи вазорати дифои Русия, нирӯҳои мусаллаҳ танҳо зерсохтҳои низомӣ ва низомиёни Украинаро ҳадаф қарор додаанд ва ба ҳеҷ ваҷҳ ба ғайринизомиён ҳамла намекунанд.

Кишварҳои ғарбӣ, бахусус Амрико, дар посух ба амалиёти низомии Русия дар Украина алайҳи Русия таҳримҳои бешумор эъмол карданд ва теъдоде аз ширкатҳо эълом карданд, ки бозори Русияро тарк карда, интиқоли маҳсулот ба Русияро қатъ мекунанд.