Рӯзи ҷаҳонии Қудс ва аҳдофи он

 Рӯзи ҷаҳонии Қудс ва аҳдофи он

Қудс” ё “Байту-лмуқаддас”, шаҳри муқаддасе дар кишвари Фаластин аст ва ба сабаби вуҷуди масҷидулақсо, маҳалли зиндагӣ ва беъсати паёмбарони илоҳӣ, нахустин қиблаи мусулмонон ва маҳалли меъроҷи Паёмбари Акрам (с) будан дар миёни мусулмонон арзишу аҳамияти вижае дорад. Ва аммо “Рӯзи қудс”, охирин ҷумъаи моҳи шариф Рамазон мебошад рӯзе аст барои ҳимоят аз мардуми мусулмони Фаластин, ки беш аз 6 даҳааст саҳюнистҳо ин сарзамини муқаддасро ишғол карда ва анвоъи балову ҷиноятро бар сари фаластиниҳо овардаанд.

Муҳимтарин аҳдоф аз номгузории охирин ҷумъаи моҳи шарифи Рамазон ба “Рӯзи Қудс”-ро метавон дар озодии Фаластин аз ишғоли саҳюнистҳо, раҳоии мусалмонони кишварҳои исломӣ ва заифони олам аз зери зулми кишварҳои худкома донист. Аммо барои ошноии бештар бо аҳдофи Рӯзи ҷаҳонии қудс аҳдофи онро шарҳ медиҳем:

  1. Эҷоди ваҳдат миёни мусалмонон ва заифони олам

Аз муҳимтарин аҳдофи номгузории охирин ҷумъаи моҳи шарифи Рамазон ба Рӯзи қудс, эҷоди ваҳдат миёни умуми мусалмонони кишварҳои исломӣ дар робита бо масъалаи Фаластин, озодии Қудси шариф аз ишғоли саҳюнистҳои ишғолгар ва ҳамчунин дур сохтани кишварҳои худкома аз дахолат дар умури кишварҳои исломӣ мебошад.

Аз мушкилоти имрӯзаи ҷаҳони Ислом ин адами ваҳдат миёни кишварҳои исломӣ мебшад, бино бар ин яке аз аҳдофи Рӯзи Қудс эҷоди ваҳдат миёни давлатҳои исломӣ аст. Бетардид бархе ҳукуматҳои фосиди исломӣ бо созиши худ бо кишварҳои худкома ва истикбор сабаби ба вуҷуд омадани фишорҳо бар мусалмонон шудаанд.

Мусалмонон бо парҳез аз тафрақа ва ҷудоӣ ва бо роҳпаймоӣ дар охирин ҷумъаи моҳи шарифи Рамазон метавонанд зимни нишон додани қудрати худ бар золимони ҷаҳон, ба мардуми мусалмони Фаластин бигӯянд, ки дар мубориза бо саҳюнизм танҳо нестанд ва то пирӯзӣ бар душмани Ислом муқовимат ва муборизаро идома диҳанд.

  1. Муқобила бо ишғолгарии саҳюнистҳо ва дур сохтани худкомагон аз дахолат дар умури кишварҳои исломӣ

Бетардид режими саҳюнистӣ душмани башарият аст ва хатари он танҳо маҳдуд ба сарзаминҳои Фаластин намешавад ва имрӯз хостаҳои беинтиҳои яҳудиҳои хунхори кудаккуш ба касе пӯшида нест. Яке аз аҳдофи Рӯзи қудс ин аст, ки бо даъват аз мусалмонони ҷаҳон аз онҳо бихоҳад, ки бо ваҳдати худ дар муқобили хостаҳои душмани ҷинояткор истодагӣ кунанд.

Имрӯза ончи сабаби густариши Исроил мешавад ихтилофоте аст, ки дар миёни миллатҳои мусалмон бо ҳамкории бархе кишварҳои арабӣ шакл гирифтааст. Аз ин рӯ ҳадафи Рӯзи қудс ин аст, ки муборизон фаластинӣ ва кишварҳои исломӣ барои расидан ба ормони Қудс таслими музокироти душман ва бозиҳои сиёсии онҳо нашуда ва бо таваккул бар Худованди Мутаол ва такя бар қудрати Ислом ва имони худ барои муқобила бо ишғолгарони Байтул-муқаддас талош карда ва қиём кунанд. Зеро додани фурсат ба ин режим сабаби дар хатар афтодани ҳамаи давлатҳои исломӣ хоҳад шуд.

  1. Табдили масъалаи Фаластин аз мавзуъи арабӣ ба мавзуъи исломӣ

Тақрибан то ним қарн пеш масъалаи Фаласин ба унвони як мавзуи арабӣ дониста мешуд, аммо пас аз номгузории охирин ҷумъаи моҳи шарифи Рамазон ба Рӯзи қудс масъалаи Фаластин аз вазуи арабӣ хориҷ шуд ва ба масъалаи Ислом табдил ёфт ва Рӯзи қудс нишон дод, ки яке аз сабабҳои ба вуҷуд омадани мушкилоти Фаластин адами иттиҳод байни мусалмонон аст ва роҳи ҳалли он ҳам иттиҳоди уммати мусалмон аст. Рӯзи қудс эълони ваҳдати ҳамаи мусалмонон ва заифони дар ҳама ҷои олам барои озодии комили сарзаминҳои ишғол шудаи Фаластин аст. Рӯзи қудс то ҳудуде ба ин ҳадафи худ расида ва монеи созишкории бархе аз кишварҳои арабӣ шуд ва дар натиҷа фурсатҳои ҷадиде барои расидан ба ормони озодсозии Фаластин ба вуҷуд овард.

  1. Густариши рӯҳияи муқовимат ва истодагӣ

Ишғоли Фаластин тавассути саҳюнистҳо ва идомаи ин ишғолгарӣ решааш аҳдофи шахсии мақомоти кишварҳои исломӣ буд, ки барои расидан ба он аҳдоф аз ибтидо ба таври ҷиддӣ бо Исроил муқобила накарданд. Ва дар идома ҳам ин мақомот барои розӣ нигоҳ доштани кишварҳои худкома аз худ роҳи созиш ва сулҳро дар пеш гирифта ва худро даргири музокирот ва бозиҳои сиёсӣ карданд, ки натиҷае ҷуз зарару зиён барои ормони озодсозии Фаластин дилсард кардани миллатҳои мубориз дар пай надошт. Дар ҳоле, ки танҳо роҳи озодсозии Фаластин аз чанголи саҳюнистҳо такя бар неруи имон ва қудрати исломӣ буд. Бино бар ин Рӯзи қудс яке дигар аз аҳдофи худро чунин ба гӯши миллатҳои исломӣ расонд, ки агар муқовимат кунед пирӯз хоҳед буд ва агар муқовимат накунед пирӯзӣ ҳам ба даст нахоҳед овард. Имрӯза ҳам мушоҳида мешавад, ки танҳо муқовимат сабаби ақибнишинии режими саҳюнистӣ мешавад.

  1. Зинда ва дар авлавият нигоҳ доштани масъалаи Фаластин

Яке аз муҳимтарин барномаҳое, ки Исроил дар заминаи масъалаи Фаластин пайгирӣ мекунад, хориҷ кардани ин мавзуъ аз авлавияти масоили ҷаҳони Ислом ва фароҳам кардани замина барои фаромӯш шудани фаластин аст.

Аммо Рӯзи қудс дақиқан дар муқобили ин барномаи Исроил қарор гирифт ва бо даъват аз умуми мусалмонони ҷаҳон барои ҳимоят аз ҳуқуқи қонунии мардуми Фаластин ва эълони безорӣ аз ишғолгарони яҳудӣ аз уммати исломӣ хост масъалаи Фаластинро ҳаргиз фаромӯш накунанд.

Ҳадафи Рӯзи қудс ин аст, ки мардуми мусалмони саросари ҷаҳон нисбат ба масъалаи Фаластин бетафовут набошанд ва ба ҷои инки онро фаромӯш кунанд худ барои муқобила бо ҷинояткорони яҳудӣ талош каррда ва дигаронро ҳам бо ин ҳадаф даъват кунанд. Уммати исломӣ дар ин рӯз ҳақро аз ботил ҷудо карда ва мунофиқону онҳоеро, ки дар паси парда бо ҷинояткорони режими саҳюнистӣ созиш мекунанд ошкор карда ва мувофиқон бо Ислом ва мухоли душманони Исломро ҳам маълум кунанд.

Дар Поён бояд гуфт, ки гиромӣ дошти охирин ҷумъаи моҳи шарифи Рамазон ба унвони Рӯзи ҷаҳонии қудс нишон аз рӯйкарди фаъоли уммати исломӣ дар баробари масоили ҷаҳони Ислом дорад. Ин рӯз нишон медиҳад, ки Ислом маҳдудаи ҷуғрофиёӣ ва заминӣ надошта ва дине барои наҷоти мусалмонону заифони саросари ҷаҳон аз зери зулми золимон аст.